Зеҳн
Намунаҳои насри бадеии форсу тоҷик (Ҷилди дуввум)

Ин китоб ҷилди дуввуми маҷмӯаи «Намунаҳои насри бадеии форсу тоҷик» буда, осори баргузидаи насрии адабиёти классикии форсу тоҷикро дар бар мегирад. Он барои омӯзиши таърих ва намунаҳои беҳтарини насри бадеӣ пешбинӣ шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 25 октябри 2026 · 283 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

— Эй паҳлавон, дар ин чӣ кор буд ва чӣ андешаву ҳиллат буд?
Самаки айёр гуфт:
— Чун ин роз фардо ошкоро шавад ва Маҳпариро набинанд ва ту пеши Адхон бигӯй, ки Тармаша карда-аст ва ба баҳона лашкар аз қалъа бадар фиристад аз дунболи ишон, мо қалъа ба даст тавонем гирифтан.
Ниёл гуфт:
— Некӯ андеша кардӣ.
Он шаб ҳамгинон биёсуданд. Пас чун рӯз равшан шуд, овоза дар қалъа афтод, ки дари қалъа кушодаанд ва дарвозабонро куштаанд ва аҳвол ба Адхон бигуфтанд. Адхон азим ғамгин шуд, фарёд аз ниҳоди вай барсмад, пушти даст ба дандон биканд. Паҳлавонон гуфтанд:
— Эй паҳлавони кутвол, ин чӣ будааст? Агар Самак карда будӣ, дар ин қалъа куҷо будааст, ки мо дар ҳамаи қалъа ӯро талаб кардему наёфтем. Магар аз осмон даромад?
Адхон фурӯ монд. Гуфт:
— Бингаред, то Маҳпарӣ дар шаҳдара ҳаст?
Ходимон ба шаҳдара рафтанд, Манкулро кушта ди-данд ва Маҳпариро бурда. Фарёдкунон пеши Адхон бозомаданд. Ӯ гуфт:
— Аҳвол чист?
Бигуфтанд. Ғамгин шуду гуфт:
— Тармашаро талаб кунед.
Талаб карданду наёфтанд.
Ниёл хизмат кард ва гуфт:
— Эй паҳлавон, Тармаша агар падидор нест, ин кор ӯ кардааст.
Адхон гуфт:
— Аз чӣ мегӯй?
Ниёл гуфт:
— Эй паҳлавон, дирӯз ман талаби Самак мекардам, дар роҳи ганҷхона бо ман гуфт: «Эй Ниёл, биё то ману ту ёр бошем ва Маҳпариву Рӯҳафзойро аз қалъа берун барем ва ба Хуршедшоҳ расонем ва он чи хоҳем, аз вай бистонем». Ман бонг бар вай задам, гуфтам: «Эй ҳаромзода, чӣ андеша аст, ки ту кардаӣ ва мекунӣ? Маро ғами он аст, ки шоҳро бо дигарон бар ту эъти-мод аст». Чун Тармаша дид, ки ман аз ҷой бирафтам, гуфт: «Эй паҳлавон, туро меозмудам. Зинҳор то ин гумон бар дил наёварӣ. Хостам ки бидонам, ки бар

пешина
аз 283
навбатӣ