Зеҳн
Намунаҳои насри бадеии форсу тоҷик (Ҷилди дуввум)

Ин китоб ҷилди дуввуми маҷмӯаи «Намунаҳои насри бадеии форсу тоҷик» буда, осори баргузидаи насрии адабиёти классикии форсу тоҷикро дар бар мегирад. Он барои омӯзиши таърих ва намунаҳои беҳтарини насри бадеӣ пешбинӣ шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 25 октябри 2026 · 283 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

— Агар чунин аст, Самак аст. — Бар боло нигоҳ карданд, гуфтанд:
— Эй Самаки айёр, ба фарёди мо рас, ки беш аз ин тоқати банд намедорем.
Самак ба каманд ба зер шуд ва салом кард ва гуфт:
— Мувақкали шумо куҷост?
Рӯҳафзой гуфт:
— Дар он сӯрох дармебошад.
Самак гуфт:
— Ӯро бихонед ва ба коре, ки донед, бифиристед.
Рӯҳафзой гуфт:
— Эй лоло, маро обе деҳ. — Бонг медошт ва фарёд мекард ва об мехост.
Лоло гуфт:
— Чаро хомӯш намебошед. Нимаи шаб аст ва ҳанӯз ором намегиред ва фарёд мекунед. Ранҷи ман беш аз ин мадоред, то соате биёсоям.
Рӯҳафзой гуфт:
— Эй лоло, моро обе деҳ, ки аз ташнагӣ тоқат намедорем.
Ходим фарёдкунон бархост ва кӯзаи об дар даст гирифт ва пой дарниҳод, то ишонро об диҳад, ки Самаки айёр корде обдор бар обгоҳи1 Манкул чунон зад, ки дархол ҷон таслим кард.
Самак биёмад ва банд аз пои ишон баргирифт ва аз шаҳдара берун омад. Ниёлу Сурхвард истода буданд, ҳар панҷ рӯй ба роҳ ниҳоданд ва ба сарои Ниёл омаданд. Самаки айёр гуфт:
— Эй паҳлавон, туро коре бибояд кардан.
Ниёл гуфт:
— Чӣ кор кунам?
Гуфт:
— Ба дарвозаи қалъа рав ва дарвозабонро бикуш ва дар бозток афкан ва бозгард, то эмин бихуфтем.
Ниёл гуфт:
— Чаро чунин бояд кардан?
Самаки айёр гуфт:
— Чун бозой, бигӯям.
Ниёл рӯй ба дарвоза ниҳод. Чун бирасид, дарвозабонро бикушт ва дари дарвоза бикшод ва бозомад ва гуфт:

1 Обгоҳ — биқин.

пешина
аз 283
навбатӣ