Намунаҳои насри бадеии форсу тоҷик (Ҷилди дуввум)

Ин китоб ҷилди дуввуми маҷмӯаи «Намунаҳои насри бадеии форсу тоҷик» буда, осори баргузидаи насрии адабиёти классикии форсу тоҷикро дар бар мегирад. Он барои омӯзиши таърих ва намунаҳои беҳтарини насри бадеӣ пешбинӣ шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 25 октябри 2026 · 283 саҳифа
ӯро барбаст ва даҳони вай биёканд1 ва ӯро бияфканду гуфт:
— Эй ҳаромзода, аҳду савганд ба ҷой овардӣ? Аммо имрӯз дар мардон вафо нест, хосса ту, ки на заниву на мард. Он чи тавонистӣ аз бадфеъливу ҳаромзодагӣ, кардӣ ва халқеро дар ҳалок афкандӣ. Ту пиндоштӣ, ки Самак дар ҷаҳон кам шуд? Гар бо ту коре накунам, ки ҳамаи ҷаҳониён аз ту ибрат гиранд, на Самакам! Туро ба аломате бикушам, то ҷаҳон бошад, аз он бозғӯянд!
— Ӯро бияфканданд ва шароб мехӯрданд.
Ва шаб даромад, Самаки айёр бо Сурхвард гуфт:
— Моро бибояд рафтан ва Маҳпариву Рӯҳафзойро бар ин мақом овардан.
Сурхвард гуфт:
— Фармонбардорам.
Самак бо Ниёл гуфт:
— Эй бародар, ҳеҷ донӣ, ки Маҳпариро чанд кас мувақкаланд?
Ниёл гуфт:
— Эй паҳлавон, як ходими зиштрӯй, номи ӯ Манкул.
Самаки айёр гуфт:
— Нек омад. Ту низ бо ман биё, ки туро бо мо бояд будан.
Ҳар се бархостанд ва рӯй ба роҳ ниҳоданд, то ба зери шаҳдара расиданд. Нигоҳ карданд, дар баста буд. Аз чапу рост бингариданд, ҳеҷ роҳе надиданд. Самаки айёр гуфт:
— Моро каманде бояд.
Сурхвард каманд аз миён бикшод ва ба дасти Самак дод. Самак он камандро бар даст афканд ва ба кунгураи2 шаҳдара устувор кард ва рӯй ба боло ниҳод. Гуфт:
— Шумо ин ҷойгоҳ мебошед, то ман пеши шумо бозоям. — Ин бигуфт ва ба боло баршуд ва каманд баргирифту ба бом даршуд, то бар сари бом омад. Нигоҳ кард, Маҳпариро дид бо Рӯҳафзой, ҳар дуро банд бар пой ниҳода ва шамъе пеши ишон месӯхт. Овози пои Самак ба гӯши Рӯҳафзой расид, гуфт:
— Эй малика, овози пои Самак меояд аз болои бом.
Маҳпарӣ гуфт:
1 Окандан — пур кардан; яъне: ба даҳони ӯ чизе зер карда маҳкам карданд, то овоз набарорад.
2 Кунгура — дандонами девори қалъа, қаср ва ғайра.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё