Намунаҳои насри бадеии форсу тоҷик (Ҷилди дуввум)

Ин китоб ҷилди дуввуми маҷмӯаи «Намунаҳои насри бадеии форсу тоҷик» буда, осори баргузидаи насрии адабиёти классикии форсу тоҷикро дар бар мегирад. Он барои омӯзиши таърих ва намунаҳои беҳтарини насри бадеӣ пешбинӣ шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 25 октябри 2026 · 283 саҳифа
— Ман ба хизмати Адҳон меравам. Агар хоҳед, биёям ва Тармашаро бо худ биёварам.
Самаки айёр гуфт:
— Ман нахоҳам. Аммо дар банди кори Тармаша бозмондаам, ки бисёр ранҷ аз вай ба мо расидааст.
Ин бигуфт ва Ниёл бирафт, то пеши Адҳон рафт ва хизмат кард. Замоне буд, Тармаша бо мардумони қалъа ҳозир буданд ва сухани Самак мегуфтанд. Адҳон гуфт:
— Дар ҳамаи қалъа ӯро талаб карданд?
Гуфтанд:
— Бале, ниҳону ошкоро Самакро ҷустем ва наёфтем.
Ниёл гуфт:
— Эй паҳлавон, донам, ки дар ганҷхона наҷустанд.
Агар паҳлавон фармояд, ману Тармаша биравем ва бингарем.
Адҳон гуфт:
— Дар он ҷойҳои чун равад? Аммо биравед ва бингаред, ки агар дар ин қалъа будаанд, донам, ки бар осмон нарафтаанд.
Ниёл дасти Тармаша гирифт, рӯй ба роҳ ниҳод, то порае роҳ бирафтанд, гуфт:
— Эй Тармаша, маро гурусна аст. Ба сарои ман биравем ва чизе бихӯрем, он гоҳ меравем.
Гуфт:
— Раво бошад. — Ҳар ду рӯй ба сарой ниҳоданд.
Самак бо Сурхвард ҳарду аз дарича диданд ва бар Ниёл офарин карданд. Ниёл пеши ишон омад ва гуфт:
— Тармашаро овардам, ба боло оварам ё шумо пеши вай равед?
Самаки айёр гуфт:
— Нон бихӯрем, пас биравем. — Пас ба нон хӯрдан машғул шуданд.
Ниёл гуфт:
— Чун нон хӯрдем, се ҷуръа шароб бозхӯрем, то хуштабъ бошем, он гоҳ меравем, ки маро хумор аст.
Тармаша гуфт:
— Нек бошад. — Пас рӯй ба боло ниҳоданд.
Чун Тармаша ба боло баршуд, нигоҳ кард, Самаку Сурхвардро дид. Фурӯ монд ва забони ӯ дар гуфтор баста шуд.
Сурхвард бархост ва як мушт бар даҳони вай чунон зад, се-чор дандони вай бишкаст. Самак бархосту

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё