Зеҳн
Намунаҳои насри бадеии форсу тоҷик (Ҷилди дуввум)

Ин китоб ҷилди дуввуми маҷмӯаи «Намунаҳои насри бадеии форсу тоҷик» буда, осори баргузидаи насрии адабиёти классикии форсу тоҷикро дар бар мегирад. Он барои омӯзиши таърих ва намунаҳои беҳтарини насри бадеӣ пешбинӣ шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 25 октябри 2026 · 283 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

ман аҳд кун, ки маро аз худ ҷудо накунӣ ва ба ҳар ҷое, ки равӣ, маро бо худ бибарӣ, то камари хизмати ту бар миён бандам.

Самаки айёр гуфт:
— Эй Ниёл, ту маро бародарӣ, балки азизтарӣ ки маро ҷонӣ. Чӣ ҷон хизмат аст, ки ман худ хизмати ту ба ҷон кунам.

Ниёл гуфт:
— Эй Самак, маро дил чунин мехоҳад аз баҳри он ки мардони ҷаҳон ба ҷон хоҳанд, ки хизмати ту кунанд.

Самаки айёр гуфт:
— Раво бошад.

Пас Ниёл бо Самаки айёру Сурхвард ҳар се савганд хӯрданд, ки ба яздони додор ва ба нуру нор ва ба қад-ҳи1 мардону ба асли покону некон, бо ҳам ёр бошему дӯстӣ кунем ва ба ҷон аз ҳам бознагардем ва макру ғадру хиёнат накунем ва ризо надиҳем; ва бо дӯстони ҳам дӯст бошему бо душманони ҳам душман бошем ва кор ба муроди якдигар кунем.

Чун савганд хӯрданд, Самаки айёр гуфт:
— Эй бародари азиз, туро бо ман ин дӯстӣ чун афтод?

Ниёл гуфт:
— Ман туро шодӣ хӯрдаам2 бад-он сабаб, ки овозаи мардиву айёрии ту шунидаам. Як рӯз шароб мехӯрдам, шодии ту бозхӯрдадам.

Самак бар вай офарин кард. Ниёл гуфт:
— Бархез, то ба хонаи ман равем.

Самак гуфт:
— Эй бародар, маро ба рӯз ба хона бурданд маслиҳат нест. Бош, то шаб дарояд.

Ниёл гуфт:
— Раво бошад. — Ишонро бигзошту худ ба сарой бозомад ва тартиби кори ишон мекард. Чун шаб даромад, Ниёл бар ганҷхона бозомад ва Самаку Сурхвардро ба сарои хеш бурд ва биншонду таоме, ки буд, биёвард, то бихӯрданд. Пас шароб овард.

Пас он шаб ҳар се шароб хӯрданд ва аҳволҳо бо якдигар мегуфтанд, то он соат, ки рӯз равшан шуд. Ниёл гуфт:

1 Қадҳ — таъна задан ба насаби касе, зидди мадҳ.
2 Шодӣ хӯрдан — ғонбона ба саломатии касе шароб хӯрдан.

пешина
аз 283
навбатӣ