Зеҳн
Намунаҳои насри бадеии форсу тоҷик (Ҷилди дуввум)

Ин китоб ҷилди дуввуми маҷмӯаи «Намунаҳои насри бадеии форсу тоҷик» буда, осори баргузидаи насрии адабиёти классикии форсу тоҷикро дар бар мегирад. Он барои омӯзиши таърих ва намунаҳои беҳтарини насри бадеӣ пешбинӣ шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 25 октябри 2026 · 283 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

ту эътимод ҳаст ё не». — Аз ман узрҳо хост ва чун аз ганҷхона берун омадем, дар сарои банда ба шароб хӯр-дан машғул шудем. Донам, ки маро беҳушона дод, ки ман зуд беҳуш шудам. Баъд аз он надонам куҷо рафту чӣ кард ва аҳвол ин буд, ки ба хизмат гуфтам. Ак-нун Маҳпариро бурдааст ва Тармаша пайдо нест.

Адхон аз эътимоде, ки бар Ниёл дошт, гуфтори ӯро бовар дошт. Бонг ба лашкар зад ва гуфт:
— Зуд биравед, бошад ки ишонро даръёбед.
Лашкари қалъа ҷумла рӯй ба дар ниҳоданд.
Ниёл гуфт:
— Эй паҳлавон моро низ бибояд рафтан, то бинга-рем, ки аҳвол чӣ гуна хоҳад буд ва чун ту берун бошӣ, коре беҳтар барояд.

Адҳон гуфт:
— Раво нест моро аз қалъа берун рафтан. Аммо би-равем, ки номуси қалъа рафт. — Пас рӯй аз қалъа берун ниҳоданд. Бар миқдори бист мард дар қалъа буданд.

Пас Ниёл бо Адхон аз қалъа берун омад ва гуфт:
— Эй паҳлавон, набояд ки лашкаре аз они Хуршед омада бошанд ва Самаку Тармаша бад-ишон пайванданд ва моро мададе набошад. Надонам чӣ гуна бошад. Ба дастурӣ, ки банда биравад пеши Арманшоҳ ва аз аҳволи Тармаша бигӯям, то моро мададе фиристад.

Адҳон гуфт:
— Некӯ гуфтӣ, зуд бибояд рафтан ва лашкар овар-дан.

Ниёли Санҷонӣ рӯй ба роҳ ниҳод. Асбро тоб дод, чун бод бирафт, ба лашкаргоҳи Хуршедшоҳ расид. Талояи лашкар Шервони Ҳалабӣ ва Сурхи Марғазӣ буд бо ду-воздаҳ ҳазор савор. Чун Ниёлро бидиданд, пеши вай бозомаданд ва бонг бар вай заданд, ки «Ту кистӣ ва аз куҷой?»

Ниёл хизмат кард ва гуфт:
— Аз қалъаи Фалакӣ аз пеши Самаки айёр меоям.— Забон баркушод ва ҳамаи аҳвол бозгуфт, аз он корҳо, ки Самак дар қалъа кард ва овардани лашкар ба овардани Маҳпарӣ ва ҳалок кардани ишон дар пеши қалъа ва бозовардани Маҳпарӣ ба қалъа ва ҳила кардани ишон ва берун омадани Адхон ва лашкар аз қалъа ба талаби Маҳпарӣ ва Тармаша... Ва гуфт:
— Акнун даръёбед пеш аз он ки лашкар ба қалъа бозгарданд. Онгоҳ надонам, ки чӣ гуна бошад ва қалъа

пешина
аз 283
навбатӣ