Намунаҳои насри бадеии форсу тоҷик (Ҷилди дуввум)

Ин китоб ҷилди дуввуми маҷмӯаи «Намунаҳои насри бадеии форсу тоҷик» буда, осори баргузидаи насрии адабиёти классикии форсу тоҷикро дар бар мегирад. Он барои омӯзиши таърих ва намунаҳои беҳтарини насри бадеӣ пешбинӣ шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 25 октябри 2026 · 283 саҳифа
Адабиёт
Аз аввал хондан- Ту кистӣ?
Гуфт: - Марде ғарибам.
Ҳанӯз нагуфта буд, ки Рӯзафзун ӯро муште зад чунон ки вайро бияфканд ва дасту пои ӯ дарбаст ва даҳони ӯ бишканд ва ӯро бигирифту биёвард ва дар кӯча бияфканд ва худ биёмаду ба ҷойгоҳи эшон биистод то он соат, ки Самак аз боло нишон бинамуд. Рӯзафзун сафир¹ бизад. Пас Самак бигуфт: - Ин ҳар дуро бигир, ки дилороми ту ин ҷойгоҳ нест, то ман аз лола Райҳон боздонам.— Ҳар дуро фурӯ гузошту Самак бозгашт ва пеши лола омад, то боздонад, ки Дурдона куҷост.
Рӯзафзун Моҳсутуну Моҳонаро бибурд. Балҷон мақом бурд, ки истода буд. Бо худ гуфт: «Ишонро бар ин маком натавонам бурдан», то ӯро аз сарои Гулбаҳор ёд омад ва низ наздик буд. Ҳар дуро ба наздики Гулбаҳор бурд ба сарои ӯ ва дар бизад. Гулбаҳор ба зер омад. Чун Рӯзафзунро дид, хуррам шуд. Гуфт: - Ин ҳар ду кистанд?
Рӯзафзун гуфт: - Эй додар, Моҳсутун ва Моҳонаи духтари шоҳанд.
Гуфт: - Ишонро аз куҷо оварӣ?
Гуфт: - Ва амонат ба ман додаанд. Зинҳор ки ишонро нигоҳ дор, ки худ бастаанд. Макушоӣ, то ман биёям.
Гулбаҳор гуфт: - Фармонбардорам.— Ишонро ба сарои даровард.
Рӯзафзун бозгашт ва ба сарои хеш омад ва силеҳ бозкарду бихуфт.
Аз он ҷониб Самак назди лола Райҳон омад. Гуфт: - Дурдона куҷост?
Лоҷа Райҳон гуфт:
Эй Самак, то зану духтари шоҳ пинҳон шуданд, вай ба он ҷо наёмад. Магар дар сарои хеш мебошад.
Самак даҳони вай бароканд ва ба боло баромаду наманд барандоҳт ва ба зер омад. Нигоҳ кард, касеро надид. Гуфт: «Эй дареғо, коре кардам, ки ҳеҷ оқил аз ман напазиру. Ақли ман куҷо буд, ки духтари подшоҳе ба дасти подаште додам. Чун фурӯ гузоштам, чаро ба
¹ Сафир — нидо.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё