Намунаҳои насри бадеии форсу тоҷик (Ҷилди дуввум)

Ин китоб ҷилди дуввуми маҷмӯаи «Намунаҳои насри бадеии форсу тоҷик» буда, осори баргузидаи насрии адабиёти классикии форсу тоҷикро дар бар мегирад. Он барои омӯзиши таърих ва намунаҳои беҳтарини насри бадеӣ пешбинӣ шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 25 октябри 2026 · 283 саҳифа
на, ба сарои мо омадаӣ ди? Бинигарам то ба куҷо зонда. — Бар асари эшон мерафт ва нигоҳдошт, то ба сарои шоҳ расиданд. Рӯдафун гуфт:
кунам, ки ба талаби зани шоҳ исраванду Бинигарам, ки чун хоҳиш карт.» Ин бигуфе, ва хон шуд, то Самак перомуни сарои шоҳ баромад, ба гумоне, ки посбонон ба хоб бутант Гуфт:
— Эй Ёрух, каманд баранду Гуфт:
— Эй паҳлавон, кори ман нест.
Самак каманд аз дасти Ёрух биситад ва бар сари даст овард ва барандохту дар гӯшан бурҷ мӯҳкам кард.
Гуфт:
— Эй Ёрух, ту бар ҷой бимон, то ман бозоям.
Ин бигуфт ва даст дар каманд зад ва ба боло баршуд.
Рӯдафун нигоҳ мекард.
Чун Самак ба боло баршуд ва посбонон дар хоб буданд, пой даркиҳод ва аз эшон бигузашту гирди сарой баромад ва дар ҷойгоҳ менигарид, то дар баробар касе нест дид. Бар асари рӯшноӣ бирафт, ҳуҷрае дид.
Нозир кард, ходиме танҳо нишаста дид. Самак гуфт:
— Ин зани шоҳ ин ходим донад ва донад, ки куҷоаст. «Нозом» аз бом ба зер шуд ва дар ҳуҷра рафт.
Ходимро бигирифт ва мӯҳкам барбаст ва корд баркашид. Гуфт:
— Агар сухан бигӯӣ, туро бикушам.
Ходимро худ аз тарс дам фурӯ шуда буд. Пас гуфт:
— Эй ходим, рост бигӯй, то зану духтари шоҳ куҷо мебошанд, ки дар миёни канизҳокон нестанд? Дар ҳамаи сарой гаштам ва эшонро наёфтам.
Ходим гуфт:
— Эй мард, ту худ кистӣ?
Гуфт:
— Эй бобо, маро намешиносӣ? Манам Самаки айёр.
Туро ном чист ва чӣ ба даст дорӣ?
Ходим чун номи Самак бишунид, биҳаросид. Гуфт:
— Эй Самак, тӯй, ки ин ҳама корҳо мекунӣ ва зану духтари шоҳ аз бими ту пинҳон шудаанд?
Самак гуфт:
— Бале. Ту номи куд бигӯй ва зану духтари шоҳ ба ман бинамоӣ.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё