Зеҳн
Намунаҳои насри бадеии форсу тоҷик (Ҷилди дуввум)

Ин китоб ҷилди дуввуми маҷмӯаи «Намунаҳои насри бадеии форсу тоҷик» буда, осори баргузидаи насрии адабиёти классикии форсу тоҷикро дар бар мегирад. Он барои омӯзиши таърих ва намунаҳои беҳтарини насри бадеӣ пешбинӣ шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 25 октябри 2026 · 283 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

— Фармонбардорам. — Бо дил гуфт: «Ман худ ҳамин мехоҳам».
Пас ҳар чаҳор дар хоб шуданд. Соқут гуфт: «Аз ҷаҳон бехабар шуданд». Чун дид, ки ишон бар он гуна бияфтоданд, бархост ва ҳар чаҳор аспро пай кард ва бар асли худ савор гашт ва рӯй ба Арманшоҳ ниҳод.
Пеши Даванлу Кубод омад ва хизмат кард. Гуфт:
— Эй паҳлавонон, дарёбед, ки Катрони паҳлавону Сурҳи Кофар ва Хурмузи Келу Хурдасби Шайду дар фалон ҷойгоҳ дар хобанд ва ман ҳар чаҳор аспи ишонро пай кардам, пеш аз он ки бедор шаванд.
Даванлу Кубоди паҳлавон чун ин сухан бишниданд, бо панҷоҳ савори мардона бо Соқут ҳамроҳ буданд бе ошӯб, то перомуни ишон даромаданд ва назара заданд.
Ишон аз хоб биҷастанд. Ҳанӯз чашм боз накарда буданд, ки ишонро барбаста буданд. Аз ошӯбу талабан ишон талои огоҳ шуданд. Ду лашкар рӯй ба ҳам оварданд ва аз ҳар ҷониб ба ёрӣ меомаданд, то рӯз равшан шуд, лашкар аз ҳам мекуштанд, бозгаштанд ва рӯй ба лашкаргоҳ ниҳоданд. Он гоҳ хабар ба Хуршедшоҳ бурданд, ки паҳлавонони сипоҳ бигирифтанд.
Хуршедшоҳ аз ҷой баромад, гуфт:
— Чӣ гуна буд? — Ва аз он кор сахт дилтанг шуд.
Хомони вазир ва паҳлавонони фурӯ монданд ва он рӯз аз дилтангӣ ҷанг накарданд ва дар андеша буданд, то чӣ созанд.
Аз он ҷониб Даванлу Кубод ва Соқуту Сурҳи Кофар ва Катрони паҳлавонро бо Хурмузи Келу Хурдасби Шайду баста пеши Арманшоҳ оварданд. Чун Арманшоҳ ишонро бидид, бифармуд, то ишонро сиёсат кунанд.
Шаҳрони вазир хизмат кард ва гуфт:
— Эй шоҳ, зинкор, ки то бод дар Самак мечаҳад, як тора муӣ аз сари ишон кам нашавад кардан. То аввал аз кори Самак фориғ шавӣ. Панҷ тан гирифтаем бе сару сомон ва ба қалъа кардаем, то аз ишон чӣ ояд. Ҳам аз бими Самак ишонро медорем. Бифармой, то ишонро ҳар чаҳор банд биниҳанд, ки ишонро ба Хогуру Конук мебояд супурдан.
Пас ишонро ҳозир карданд ва гуфтанд.
— Эй Конук ва эй Хотур, бинигаред, то ин ҳар чаҳор бандяги кистанд, ки дар банд овардем ва ҳар чаҳор ба шумо хоҳем супурдан, на чунон ки ишонро бибаранд, ё бигурезанд. Хӯни ин он Арманшоҳрост.

пешина
аз 283
навбатӣ