Зеҳн
Намунаҳои насри бадеии форсу тоҷик (Ҷилди дуввум)

Ин китоб ҷилди дуввуми маҷмӯаи «Намунаҳои насри бадеии форсу тоҷик» буда, осори баргузидаи насрии адабиёти классикии форсу тоҷикро дар бар мегирад. Он барои омӯзиши таърих ва намунаҳои беҳтарини насри бадеӣ пешбинӣ шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 25 октябри 2026 · 283 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

рад. Ин Симак устоди санъат ва шогирдони бисёр дорад ва агар аз шогирдон касе омад ва ӯро аз банд берун овард, аз кор дур нест.
Бо Беҳзоду Размёр бигуфтанд, ки:
— Шумо чунин дар хоб рафтед, ки биёмаданд ва дари хона биканданд ва эшонро бибурданд ва шуморо хабар набуд?
Эшон гуфтанд:
— Азбаски имрӯз гирди шаҳр бигашта будем, хаста будем, хоб моро фурӯ гирифт.
ПАС аз ҳар гуна суханҳо мегуфтанд.
Ногоҳ субҳи рӯз аз канори машриқ рӯй бинамуд.
Дарҳол Сайлами паҳлавон бо дувист мард бирасиданд аз пеши Арманшоҳ. Чалдак дар пеши эшон истода, то Самакро ба лашкаргоҳ баранд. Чун Сайлам бирасид. Хогуру Конун пеш бозомаданд дилтанг. Хизмат карданд. Сайлам гуфт:
— Самакро биёваред, то ӯро ба лашкаргоҳ барам пеши Арманшоҳ.
Хотуру Конун оҷизвор гуфтанд:
— Эй паҳлавон, чун мард ба лашкаргоҳ фиристодем, надонем, ки чӣ гуна бигурехт, чунон ки касе аз мо огоҳ нашуд. Ва агар на духтари ман будӣ, ҳамаро кушта буд.
Сайлам гуфт:
— Ин чӣ сухан аст ва ин бо шоҳ чӣ гуна тавон гуфтан. Яке гирифта ва дар банд карда, бо шоҳ гӯянд: касе бифирист, то ӯро бибарад, гӯем: бигурехт?
Дарҳол кас пеши Арманшоҳ фиристод ва аҳвол бознамуд. Арманшоҳ бағоят биранҷид ва дар хашм шуд.
Гуфт:
— Ин кор аз Хотуру Конун бадар нест. Худ кардаанд ва бар ман тамасхур мекунанд. Кори ман бар он ҷо расид, ки бо ман чунин танз кунанд? Зуд биравед ва Хотуру Конунро ресмон дар гардан кунед ва биёваред, то бигӯям, ки бо эшон чӣ мебояд кардан!
Сапор бозгашт ва пеши Сайлам бозомад ва пайғоми шоҳ бозгуфт, ки:
— Ҳардуро ресмон дар гардан кунед ва биёваред.
Ҳардуро ресмон дар гардан кард ва ба лашкаргоҳ бурд ва пеши тахти Арманшоҳ бидошт. Арманшоҳ бар тахт нишаста ва хашмгирифта бо худ андеша мекард, ки «чӣ гуна будааст?» Ба ҳеҷ гуна бар сирри он воқиф

пешина
аз 283
навбатӣ