Самаки айёр

Дар ин китоб намунаҳои беҳтарини насри бадеии классикӣ ва осори ривоятии форсу тоҷик гирд оварда шудаанд. Маҷмӯа ба хонандагон имкон медиҳад, ки бо осори гаронбаҳои адабиёти пешин ошно гарданд.
Агенти Зеҳнӣ · 25 октябри 2026 · 290 саҳифа
— Эй шоҳ, дояро зиндоне буд бар ин гуна? Магар шоҳзодагонро медошт? Бо ин ҳама ҳамчунин беҳтар буд, ки эшонро мебурду ҳалок намекард. Доя худ куҷост?
Гуфт:
— Аз духтар шунидам, ки ду-се рӯз аст, то пайдо нест.
Меҳрони вазир гуфт:
— Ин кор аз Шағслу хизматгорони вай бадар нест. Эшон кардаанд. Касе бояд фиристод, то ӯро ҳозир кунанд.
Ҳоҷибе бирафт ба дари сарои аён. Чубби айёр ва Шарвин ба дар истода буданд. Ҳоҷиб гуфт:
— Исфаҳсолор Шағолро бигӯед, ки шоҳ Фағфур туро мехонад.
Шағол бархост ва донист, ки чӣ афтодааст ӯро ба чӣ мехонанд. Самаки айёр бо вай буд бо чанд марди дигар. Чун ба боргоҳ расиданд, дар пеши тахт хизмат кард ва ӯро бар курсӣ, ки ниҳода буд, бишонданд, ки ҷои вай падидор буд. Фағфур хашмнок буд.
Меҳрони вазир гуфт:
— Эй исфаҳсолор Шағол, кори азим дар сарои шоҳ афтодааст. Шак накунам, ки туро аз он хабар бошад, ки корҳои чунин беиҷозати исфаҳсолор набошад. Дӯш зиндони доя бишкастаанду бандиён бурдаанд ва чанд тани дигар куштаанд. Ин чӣ гуна тавонад будан? Донам, ки аз хизматгорони ту берун нест ва ин кор карди шумост. Фурӯ натавон гузошт ва ин хорӣ ба шоҳ Фағфур нашрояд кард, ки ин ҳама ҳаракатҳо бикунед, некӯ набошад. Чун шоҳ бо ту ба ҳурмат бошад ва ба неку бад аз ту бозхост накунад, чунин коре кунӣ, раво набошад. Бибояд гуфтан, то ин кор чӣ гуна аст.
Шағол сухани Меҳрон мешунид ва сар дар пеш афканда ва ҳеҷ ҷавоб намедод. Фурӯмонда буд, то чӣ ҷавоб диҳад.
Самаки айёр, он ҷавони чолок марде буд боинсоф, ба ҳама асбоб ороста. Чун дид, ки Шағоли Пилзӯр сар дар пеш афкандаасту сухан намегуфт, дар пеши шоҳ Фағфур хизмат карду гуфт:
— Худойгонро бақо бод! Бидон ва огоҳ бош, ки дар ҷаҳон ҳеҷ беҳ аз ростӣ нест ва рост гуфтан ба ҳар ҷо ки бошад — дар пеши хосу ом, оқилу нодон, хосса дар пеши шоҳ, алалхусус, ки мо сухан гӯем, илло рост натавонем гуфтан, ки номи мо ба ҷавонмардӣ рафтаасту мо худ ҷавонмардонем, агарчи моро айёрпеша мехонанд ва айёрпеша илло ҷавонмард натавон буд; ва ҷавонмардон аз ин бисьёр

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё