Зеҳн
Самаки айёр

Дар ин китоб намунаҳои беҳтарини насри бадеии классикӣ ва осори ривоятии форсу тоҷик гирд оварда шудаанд. Маҷмӯа ба хонандагон имкон медиҳад, ки бо осори гаронбаҳои адабиёти пешин ошно гарданд.

Агенти Зеҳнӣ · 25 октябри 2026 · 290 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

рӯмонд. Ҳеҷ натавонист гуфтан. Ҳар яке аз он бандиён меомаданду дояро қафо мезаданд ва дашном медоданд.

Пас, ҳар яке бинишастанду аҳволи хеш мегуфтанд, ки чӣ гуна бар ин ҷойгоҳ афтодем. Ба ин гуна он шаб ба сар бурданд.

Чун рӯз равшан гашт, духтари шоҳ аз хоб даромад, овози «Дилафрӯз» нашуниду ӯро бознадид. Канизаконро бихонд ва бо лоло Солеҳ гуфт:
— Дилафрӯз куҷост?
Гуфтанд:
— Эй малика, дӯш пеши ту буд, ки мо аз хидмати ту бирафтем.

Духтари шоҳ бархост ва гуфт: «Магар ба ҷое рафта бошад» ва талаб карду гуфт: «Магар ба ҷойгоҳи доя рафта бошад ва сиёҳ ӯро бозгирифтаву дар хоб аст».

Духтар ба дари сарои доя омад. Ходимро дид афтодаву мурда ва дар миёни сарой нигоҳ кард ва дари зери замин кушода дид. Дуде бар сари вай баромад ва биҳаросиду бозгашт, то пеши шоҳ раваду аҳвол бигӯяд. Ногоҳ ғалабаву ошӯб шунид, ки аз сарои шоҳ баромад, ки дарбононро чандин бикуштаанд. Ва духтар фурӯ монду гуфт:
— Аҷаб коре афтодааст! Дилафрӯз боре куҷо рафтааст. Магар ӯро бибурданд? Пиндоштанд, ки манам».

Андешаҳо мекард то пеши падар омад, ки дар ҳуҷраи занон буд. Чун овози эшон бишунид, дилтанг шуд, хост, ки берун ояд. Шоҳ духтарро дид, аҷаб монду гуфт:
— Доя куҷост, ки ту танҳо омадӣ? Чӣ афтодааст?
Духтар гуфт:
— Эй падар, ин афтодааст, ки мешунавӣ. Ду-се рӯз аст, ки доя падидор нест ва зиндони доя бишикастаанду бандиён бибурдаанд.

Аҷаб дошт ва гуфт:
— Эй духтар, дояро зиндоне буд? Магар ин шоҳзодагон, ки ба хостгории ту меомаданд, доя эшонро ба зиндон мекард?

Духтар гуфт:
— Бале. Надонам, ки чӣ гуна будааст.
Шоҳ гуфт:
— То ба боргоҳ равам.

Ба болои тахт рафт ва бинишаст. Меҳрони вазир ҳозир карданд. Аҳвол бигуфт, ки зиндони доя бишикастанду бандиёнро бибурданд ва дарбон бо чанд мард куштаанд. Меҳрони вазир гуфт:

пешина
аз 290
навбатӣ