Зеҳн
Самаки айёр

Дар ин китоб намунаҳои беҳтарини насри бадеии классикӣ ва осори ривоятии форсу тоҷик гирд оварда шудаанд. Маҷмӯа ба хонандагон имкон медиҳад, ки бо осори гаронбаҳои адабиёти пешин ошно гарданд.

Агенти Зеҳнӣ · 25 октябри 2026 · 290 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Пас, бар он сари матмура рафтанду дар бикушоданд ва шоҳзодаву Шағоли Пилзӯр ва Самак нигоҳ карданд. Чун ба зер расиданд, ҳашт ҷавони моҳрӯй диданд, банд бар дасту пои эшон ниҳода ва як даст дар миёни пой дар банд оварда.

Самаки айёр пеши эшон омаду гуфт:

— Эй шаҳзодагон ва ҷавонмардон, бидонед ва огоҳ бошед, ки ин ҷавон Хуршедшоҳ аст, ки пеши шумо истодааст ва худро бар сурати занон баровардааст ва аз баҳри худ ӯ аз барои шумо истодааст. Ҳаргиз касе гумон барад? Ва дар ҷаҳон касе ин накарду натавонад кардан аз баҳри он, ки ҷон бар кафи даст ниҳоду худро дар чунин ҷойгоҳе афканд ва доя берун бурду шуморо аз ин ҷойгоҳ берун хоҳад бурдан, то мақсуди ӯ ба ҳосил ояд. Агар мехоҳед, вагарна, бозгардем.

Ҳамагон гуфтанд:

— Чаро намехоҳем. Кошки моро дӯш бурда будӣ.

Самаки айёр гуфт:

— Бояд, ки ҳамагон савганд хӯред, ки берун оед ва талаби кори Маҳпарӣ набошеду ӯро ба Хуршедшоҳ роҳу кунед. Агар мехоҳед, ки халос ёбед ва бо вай хасмӣ накунед ва хилофи вай наҷӯеду ӯро ғаммозӣ накунед ва нафармоеду кин дар дил надоред ва он чӣ ризои вай бошад, он кунеду бо дӯстони ӯ дӯст бошед ва бо душмани ӯ душман.

Ҳамагон гуфтанд, чунон ки Самак фармуд ва савганд хӯрданд. Пас, банд аз пои эшон бикшод ва ҳамагон аз он боло ба зер омаданд.

Шоҳзода хост, ки ба болои бом биравад.

Самак гуфт:

— Моро ба дари хона берун бояд рафтан, ки душвор бошад ин ҳама ба каманде ба зер рафтан, надонам чун бошад.

Рӯй ба дари сарой ниҳоданд, дарбон диданд бо ду-се хизматгорон. Ҳама сар бибуриданду дар бикушоданд ва ба саломат бирафтанд, Хуршедшоҳ низ бо эшон то сарои ҷавонмардон.

Фаррухрӯз нишаста буд ва уқубати доя мекард. Чун Фаррухрӯз эшонро бидид, гуфт:

— Эй гандапири ҷоду, нигоҳ кун, ки бандиён чӣ гуна берун омаданд. Эшон нигоҳ карданд, дояро ба он сон диданд, хуррам шуданд. Доя нигоҳ кард, бандиёнро дид, фу-

1 Душхор — душвор.

пешина
аз 290
навбатӣ