Самаки айёр

Дар ин китоб намунаҳои беҳтарини насри бадеии классикӣ ва осори ривоятии форсу тоҷик гирд оварда шудаанд. Маҷмӯа ба хонандагон имкон медиҳад, ки бо осори гаронбаҳои адабиёти пешин ошно гарданд.
Агенти Зеҳнӣ · 25 октябри 2026 · 290 саҳифа
корҳо кунанд ва ранҷҳо кашанд ва ҷон фидои мардум доранд ва мақсуд он, ки шоҳи ҷаҳон некӯ бидонад, ки устоди ман, балки падари ман Шағол магар аз шоҳи ҷаҳон шарм медорад ва сухан намегӯяд. Ман мегӯям, ки Хуршедшоҳ — фарзанди Марзбоншоҳ як рӯз ба сарои ҷавонмардон омад ва моро ба зинҳордорӣ устувор кард. Мо чун номи Хуршедшоҳ шунида будем ва дидем, ки ӯро бо доя чӣ афтод ва доя ӯро бибурд, гуфтем; чӣ гуна омадӣ?
Пас аҳволи Фаррухрӯз, чунон ки афтода буд, бозгуфт:
— Эй шоҳ, мо ба ҷавонмарди ӯро қабул кардему кори вай сохтем ва бо ҷон бо вай бикӯшидем, магар мақсуди вай ҳосил кунем.
Шоҳ гуфт:
— Зиндони доя чӣ гуна бишикастаанд, ки моро огоҳӣ набуд?
Самаки айёр гуфт:
— Эй шоҳ, як навбат гуфтам, ки ҳеҷ беҳ аз ростӣ гуфтан нест, ки аз ростӣ ҳамаи корҳо рост гардад ва растагорӣ бувад.
Дигарбора забон баркушод, аз он чӣ карда буду сохта буд ва Хуршедшоҳ бар сурати занон баровардану дар пеши духтар мутрибӣ кардан, чунон ки шарҳ додем, ки бо Хуршедшоҳ чун кард, ҳама дар пеши шоҳ бигуфт. Пас, гуфт:
— Эй шоҳ, ин кор Хуршедшоҳ кард. Акнун Хуршедшоҳу Фаррухрӯз ва бисту як подшоҳзода, ки дар банди доя буданд, ҳама дар сарои ҷавонмардонанд ва дояи ҷоду ҳам он ҷост. Агар шоҳ фармояд, ҳамаро ба хидмат оварем. Ин кор чунин афтодааст, ки шарҳ додем пеши шоҳ. Чаро пинҳон бояд кард.
Фағфур гуфт:
— Доя дар банд аст?
Гуфт:
— Бале.
Шоҳ бо Меҳрони вазиру паҳлавонон дар кор бозмонда буданд ва аз он кору кирдор аҷаб доштанд, то шоҳ гуфт:
— Бираведу эшонро биёваред.
Шағол бо Самак рӯй ба сарои худ ниҳоданд. Аҳвол он чӣ рафта буд, бо Хуршедшоҳ бозгуфтанд.
Хуршедшоҳ гуфт:
— Эй Самак, ин кор ба зудӣ ошкор намебоист кардан, акнун рафт.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё