Самаки айёр

Дар ин китоб намунаҳои беҳтарини насри бадеии классикӣ ва осори ривоятии форсу тоҷик гирд оварда шудаанд. Маҷмӯа ба хонандагон имкон медиҳад, ки бо осори гаронбаҳои адабиёти пешин ошно гарданд.
Агенти Зеҳнӣ · 25 октябри 2026 · 290 саҳифа
— Эй фарзанд, мушкил коре фармудӣ; бодро заҳраш он набошад, ки гирди он ҳарам гардад аз тарси дояи ҷоду. Агар коре будӣ, ки ба зару ба зӯр, ё ба ҳилат, ё ба айёрӣ басар рафтӣ, ҳам тадбире тавонистаме кардан. Мурғро заҳрае нест, ки гирди он қаср гардад.
Шоҳзода малул шуд.
Ногоҳ Самаки айёр ба забон омаду гуфт:
— Эй устод, шоҳзодаро ноумед магардон, ӯро умедвор гардон, ки агар ӯ ноумед набудӣ, пеши шумо наёмадӣ.
Шағол гуфт:
— Марди он аст, ки сухан рост гӯянд ва сухане бигӯянд, ки битавонанд.
Самак гуфт:
— Сухане ҳаст, илло дастурӣ бояд.
Шағол гуфт:
— Аз ин сухани ту сухане маълум мешавад. Донам, ки гумоне дорӣ, бетаҳошӣ бигӯй.
Самак гуфт:
— Эй устод, духтари шоҳро гӯяндае ҳаст бағоят баҷамолу хубхон ва номи ӯ Рӯҳафзост ва бо ман дӯстӣ чунон дорад, ки ҳар чӣ бигӯям, чунон кунад ва донам, ки ба саъйи ӯ шоҳзодаро ба маҷлиси духтар тавонем бурдан.
Шағолро хуш омад ва шоҳзодаро хуштар. Ва ҳарду шоду хуррам шуданд ва ёрон бар эшон офарин карданд ва қарор доданд, ки имрӯз шароб хӯрему чун шаб дарояд, ба хонаи Рӯҳафзо равем. Ва бо он шаст ҷавон биншастанд, ҳамчун Шағоли Пилзӯру Самаки айёр ва Шаҳмарди айёр ва Шерзоди айёр ва Шаҳмири айёр ва Шарвини айёр ва Шоҳуйи айёр ва Зираки айёр ва Сипандони айёр ва Оҳугири айёр ва Тездандони айёр ва монандӣ ин риндон ва мардон.
Ҳама шароб мехӯрданд, то шаб даромад ва он шаб қадре баросуданд.
Вақти хурӯс буд. Шағолу Самаку шоҳзода бархостанд ва ба дари хонаи Рӯҳафзо омаданд. Самак дар бизад, канизак дар боз кард ва Самаки айёрро дид, салом дод. Самак дар он хона густох буд, даромад. Рӯҳафзо дар ҷомаи хоб хуфта буд, бедор шуд. Самакро бидид, бархост, Самакро салом дод ва гуфт:
— Эй ҷигарғӯша, куҷо будӣ бад-ин вақт? Хайр аст?
Самак гуфт:
1 Бетаҳошӣ — бехуддорӣ.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё