Зеҳн
Самаки айёр

Дар ин китоб намунаҳои беҳтарини насри бадеии классикӣ ва осори ривоятии форсу тоҷик гирд оварда шудаанд. Маҷмӯа ба хонандагон имкон медиҳад, ки бо осори гаронбаҳои адабиёти пешин ошно гарданд.

Агенти Зеҳнӣ · 25 октябри 2026 · 290 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Бале, хайр аст, илло паҳлавон Шагол бар дар истодааст.

Рӯҳафзо аврат пӯшида ба истиқболи паҳлавон берун омад ва салом доду муроот намуд ва шоҳзодаро низ бидид ва ба ҳар чӣ беҳтар одамигарӣ карда дар хона даровард ва шарбат оварду таом кашид ва гуфт:

— Эй фарзанд, сабаби заҳмат чӣ будааст, бозгӯй?
Самак гуфт:

— Эй модари меҳрубон, дар ҳаққи ман ба каррот модарӣ кардай ва акнун низ омадаам ва муроде дорам. Мехоҳам, ки сухани маро бар замин наяндозӣ ва қадамро ба хонаи мо ранҷа фармой, ки ба рӯи ту сӯҳбате бидорем.

Рӯҳафзо гуфт:

— Эй фарзанд, намедонӣ, ки фарзанди шоҳ Маҳпариро соат аз ман гузир нест, вагарна меомадам; ва акнун донам, ки ҳавои шумо ғарази овози ман аст. Ҳамин ҷо сӯҳбат дорему гӯяндагӣ кунам барои шумо, ки ҳама чизе ҳозир асту агар низ касе бишнавад, пиндорад, ки духтаронро таълим медиҳам ва агар касе низ биёяд, дар хона бошам.

Офарин карданду сабук бадраи зар дар пеши Рӯҳафзо ниҳоданд ва ба латифа Самак гуфт, ки: «Дар хонаи мутрибон зар ба ҳисоб харҷ кунем».

Рӯҳафзо гуфт:

— Хона азони туву моли ман азони ту.

Ин бигуфту ба аёг1 додан машғул шуд. Канизакеро гуфт:

— Бирав, ҳамъёни маро биёвар.

Канизак рафту кисае аз катони румӣ биёвард ва канорҳо дар атласи ҳитӯӣ гирифта ва бандҳои абрешимини нару мода дар ҳам андохта. Онро бикшоду кисаи дигар берун овард: бандҳои тилло ва тукмаҳои лаълу марвориди онро бикшод ва барбате аз уди қаморӣ 2 ва аз оҷ ва обнус мунаққаш карда ва дастаи ӯро ба ҷавоҳир мурассаъ кардаву мехҳои он аз сандали сафед сохта.

Рӯҳафзо онро бар канор ниҳод ва гӯшҳои онро молидан гирифт ва соз дод. Барбат ба нола даромад ва хурӯш аз ҳозирон баромад. Чун аз он бупардохт, пиёлае бихӯрд.
Ишорат кард, ки, «эй канизак, маҷлисафрӯзро биёвар ва он фартути мардумнавозро биёвар ва он солхӯрдаи хушовозро биёвар».

1 А ё ғ — қадаҳи шароб.
2 Қ а м о р — шаҳре будааст дар Ҳиндустон.

пешина
аз 290
навбатӣ