Зеҳн
Самаки айёр

Дар ин китоб намунаҳои беҳтарини насри бадеии классикӣ ва осори ривоятии форсу тоҷик гирд оварда шудаанд. Маҷмӯа ба хонандагон имкон медиҳад, ки бо осори гаронбаҳои адабиёти пешин ошно гарданд.

Агенти Зеҳнӣ · 25 октябри 2026 · 290 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

ва бинӣ чун теғу даҳоне чун нимаи динор ва оразе чун сим, рухе чун гул, занахдоне чун гӯе гирди чоҳе ва гардане кӯтоҳ ва сад ғабғаб бар ғабғаб зери занах афтода ва сина чун тахтаи симу ду пистон чун ду нор ва соиде кӯтоҳу панҷае хурд ва пушти даст ҳазор чол дарафтода ва ангуштони даст сиёҳ карда ва дар ҳар ангуште ҷуфти ангуштарӣ ва шикаме чун ордмайда, ки ба ҳарир безиву ба равғани бодом бисиришӣ ва нофе чун ғолия донӣ ва ду рон чун ду ҳуюн, ду соқ чун ду сутуни оҷу пероҳане ҳарири асфид асафед ва эзорпое сақлотуни сода дар пою миқнааи қасаб дар сар афканда ва гулӯбанд бар гирди оразу гардан баста ва ҳамоил дар гардан афканда. Ҳама таъвизҳои ба анбари ашҳаб карда, чунон ки бӯӣ ӯ ба ҷаҳон мерафт. Бар он хубӣ ва зебоӣ духтар пеши ӯ барпой хост аз хоби ниммаст.

Шоҳзода чун дида бар вай гумошт темурод дилро дид, ки аз ҳалқи вай берун омад ва дуде ба сари вай баромад, ҷаҳон пеши чашми вай торик шуд. Дам баста дар ҷамоли духтар ҳайрон, бо худ андеша мекард, ки: «Эй дил, туро чӣ расид? Ту онӣ, ки бар ошиқон хандидӣ». Духтар дар шоҳзода нигоҳ кард, ҷавоне дид чун моҳ, ба болое чун сарв ва хатте сиёҳ дар гирди орази вай, пиндоштӣ, ки наққошони олам ба қалам нақш кардаанд. Духтар чун донист, ки дил аз дасти вай рафтааст, гуфт:
— Эй ҷавон, ту кистӣ ва аз куҷо омадӣ, аз баҳри чӣ дармондай?

Шоҳзода чун овози духтар шунид, ки бо вай сухан мегуфт, нишоте ба дили вай баромад. Забон бикшоду гуфт:
— Эй дилором, бар ту бозмондаам. Бигӯ, то ту кистӣ бад ин ҷамолу хубӣ? Магар ҳурӣ, туро аз биҳишт Ризвон ба тамошо фиристоаст ё магар беҳтари париёнӣ? Аз баҳри он, ки то ман будаам, чун ту одамӣ надидаам.

Духтар ба раъноие гуфт:
— Эй ҷавон, ман ва ҷойгоҳи ман туро чӣ кор?

Шоҳзода дар гуфтори вай мадхуш бо худ мегуфт: «Кош лашкар бо ман будандӣ, то ӯро бибурдаме, ки агар

1 Чол — сурху сафеди дарҳам омехта.
2 Сириш — сириштан, хамир кардан.
3 Асфид асафед — сап-сафед.
4 Сақлотун — як навъи матоъ.
5 Миқнаа — ҷодар.
6 Таъвиз — бозубанд.
7 Анбари ашҳаб — як навъи анбар.

пешина
аз 290
навбатӣ