Зеҳн
Самаки айёр

Дар ин китоб намунаҳои беҳтарини насри бадеии классикӣ ва осори ривоятии форсу тоҷик гирд оварда шудаанд. Маҷмӯа ба хонандагон имкон медиҳад, ки бо осори гаронбаҳои адабиёти пешин ошно гарданд.

Агенти Зеҳнӣ · 25 октябри 2026 · 290 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

кол барниҳод ва паҳланги асбро дар бозуи хеш афканд ва дар миёни сангреза паҳлу дар замин ниҳод ва бихуфт, то он соат, ки офтоб баромад. Хуршедшоҳ бархост ва роҳ падидор омад. Ва асбро хориш кард ва пой ба асб даровард ва хост то инон бигардонад, ки харгӯрро дид, ки дар саҳро чаро мекард. Шоҳзода гуфт: «Ман ин сайд нокарда пеши лашкар бозгардам?» Рӯй дар дунболай харгӯр ниҳод, то офтоб нек баланд шуд. Соате каманд меандохт ва замоне тир меандохт. Шоҳзода бар паи харгӯр асб метохт. Болое пеш омад. Харгӯр бар он боло баршуд ва бад он ҷониб фурӯ рафту нопадид гашт ва шоҳзода дар он боло баромад ва бар он ҷониб нигоҳ кард. Асари харгӯр надид. Биёбоне дид чун ҷаҳаннам, офтоб фурӯ тобида, дуде ва ғуборе то осмон бармешуд. Пиндошт, ки одами ҳаргиз он ҷо нагузаштааст ва ҳавлии азим аз он биёбон бармеомад, чунон ки шоҳзода меҳаросид. Чун нек нигоҳ кард, бар миқдори ним фарсанг хаймае дид зада. Аҷаб монд. Ба дил гуфт: «Биёбоне чунин, хаймае танҳо, надонам чӣ тавонад буд. Бибояд дидан, то чист». Аз боло асб дар биёбон ронд, то наздики хайма расид. Нигоҳ кард, хаймае аз атласи сурх дид ба бисту чаҳор таноби абрешимин, ба мехҳои заррин ба замин фурӯбурда ва камаре гавҳарнигор гирди хайма бароварда ва моҳе аз зар ба сари хайма ба гавҳари мурассаъ барафрошта ва шаққаи хайма фурӯ гузошта ва аз одами асаре нест.

Шоҳзода ба тааҷҷуб фарози хайма омад ва салом гуфт. Посух наёфт. Аз пушти асб тозиёна фароз кард ва шаққаи хайма бардошт. Нигоҳ кард. Ҳасир сомоне дид афканда, ва натъ ва гирдболиш низ афканда ва шахсе дар миёни чаҳор болиш хуфта дар хоб. Шоҳзода пиёда гашт ва дар хайма шуд, то бидонад, ки кист. Чун ба хайма даромад, ҳамон як тан дид. Хост, то сухане бигӯяд, ки он хуфта бознишаст ва ба пой баромад. Шоҳзода дар он шахс нигоҳ кард. Духтаре дид чун садҳазор нигор, бо саре гирду пешонии паҳн, зулф чун каманду абрувон чун камони чоҷӣ, ду чашм чун ду наргис, мижаҳо чун тири Ориш.

1 Ш и к о л — ишкел, кишан.
2 П о л ҳ а н г — сарнӯхта, яккаҷилав.
3 Ш а қ қ а — гӯшаи парда, гӯша ё домани хайма.
4 Ф а р о з — қариб, наздик.
5 Ҳ а с и р — бӯръӣ.
6 Н а т ъ — фарши чармин.
7 Ч о ҷ — номи қадимаи Тошканд, ки дар камонсозӣ шӯҳрат доштааст.
8 О р и ш — номи шаҳре.

пешина
аз 290
навбатӣ