Зеҳн
Самаки айёр

Дар ин китоб намунаҳои беҳтарини насри бадеии классикӣ ва осори ривоятии форсу тоҷик гирд оварда шудаанд. Маҷмӯа ба хонандагон имкон медиҳад, ки бо осори гаронбаҳои адабиёти пешин ошно гарданд.

Агенти Зеҳнӣ · 25 октябри 2026 · 290 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

битавон гуфт. Марзбоншоҳ аз баҳри писар адибон овард, то ӯро адаб омӯзанд. Шабу рӯз дар он кор буданд ва Хуршедшоҳ фаҳмеву хотире дошт, ки ҳар чӣ адиб як бор бигуфтӣ ва бад-ӯ намудӣ, ҳоҷат ба як бори дигар набудӣ. Муаллим аҷаб монда буд, ки Фаррухрӯз ҳамон меомӯхт, аммо бад-он дараҷа набуд. Ба илму дониш ба ҷое бирасид, ки аз чаҳор адиб ҳунар омӯхт ва хат навиштан ва дафтарҳо хондан ва ҳар масъалаи мушкил, ки дар ҷаҳон будӣ, бар дил равшан карда ва он чӣ подшоҳонро ба кор будӣ, мехонд. То соли умри вай ба даҳ расид, чунон ки бо ҳар фозиле гӯӣ дар майдон афкандӣ, аз ҳама афзун омадӣ. Марзбоншоҳ бифармуд, то устодони боилм оварданд, то фарзанди ӯро адаби майдондорӣ омӯзанд. Адаби савориву гӯӣ ва ҳалқаву найза ва тиру камон ва амуду каманд ва такмуаллақӯ ишноҳ 1 ва гуштиву малоабӣ ва шатранҷ чунон ки дар ҷумла саромад буд.

Чун соли умри Хуршедшоҳ ба чаҳордаҳ расид, дар ҷамол фитнаи ҷаҳон шуд. Чунон ки чун шоҳзода дар бозор мегузашт, сад ҳазор марду зан бар бому дарича назора мекарданд ва бар вай офарин мехонданд, то ғояте ки Марзбоншоҳ аз чашми бад битарсид. Бифармуд, то ниқоб фурӯ гузошт.

Чун шоҳзода дар ҳама илм устод гашт, ӯро ҳаваси созҳои мутрибӣ афтод, ки биёмӯзад, чун чангу даф ва рубобу ной ва барбату аҷабруд ва он чӣ бад-ин монанд. Пас аз падари дастурӣ хост, ки: «Эй падар мехоҳам, ки сози мутрибӣ омӯзам». Марзбоншоҳ аз баҳри он, ки ӯро дӯст медоштӣ, ки ҷуз вай фарзанд надошт, магар духтаре ҳам аз модари вай номи ӯ Қамармулк, хост то ӯ дилшикаста нашавад, гуфт:

— Ҷони падар, ту донӣ, ҳар чӣ хоҳӣ, меомӯз.

Хуршедшоҳ мутрибони устод бихонд ва омӯхтан гирифт, то ҷумла биёмӯхтава овозе дошт нусхае аз лаҳни Довуд буд. Бо ин ҳама ки буд, дар ошиқон сухан гуфтӣ, аҳвол ва саргузашти ошиқон хондӣ ва танз 2 задӣ. Ҳама рӯз гуфтӣ: «Касе чун ошиқ шавад?» Аммо бар ин кор муддате баромад, шоҳзода достон гашт дар ҳамаи ҷаҳон. Ва аз корҳо кардан шикор дӯст доштӣ. Даҳ рӯзу ҳафт рӯзу се рӯз аз падар дастурӣ хост, ки шикор рафтӣ ва тамошо кардӣ ва бозомадӣ.

Пас, иттифоқи эзидӣ, як рӯз шоҳзода ба хизмати па-

1 Ишноҳ — шино, шино кардан.
2 Танз задан — таъна задан.

пешина
аз 290
навбатӣ