Самаки айёр

Дар ин китоб намунаҳои беҳтарини насри бадеии классикӣ ва осори ривоятии форсу тоҷик гирд оварда шудаанд. Маҷмӯа ба хонандагон имкон медиҳад, ки бо осори гаронбаҳои адабиёти пешин ошно гарданд.
Агенти Зеҳнӣ · 25 октябри 2026 · 290 саҳифа
шоҳ бурданд. Бифармуд, то мунаҷҷимон ва ҳукамо ҳозир сарданд. Ва дар ҳуҷраи занон бифармуд, то ташти заррин бинҳоданд аз баҳрашон ва хизрони симин дар дасти нозирон, то чун фарзанд падидор шавад, қазиб 1 бар ташт зананд, то овоз ба гӯши ҳакимон расад ва толей фарзанди шоҳ ба даст оваранд. Ва бад-ин тартибу зинат Гулнор бор биниҳод. Писаре аз вай дар вуҷуд омад, чун сад ҳазор нигористон. Мунаҷҷимон толеъ бигирифтанд. Пас, дарҳол доя биёмад ва ӯро дар қамот 2 печид ва ба хизмати шоҳ овард ва он соат, ки фарзанди моҳрӯй дар канори шоҳ хобонид, офтоб ба рухсори Марзбоншоҳ тобид. Барнигарид, офтобро дид. Фарзанди худро Хуршедшоҳ ном ниҳод. Ва бӯсаи меҳр бар ҷамоли вай дод. Ва ӯро бози доя дод.
Бифармуд, то дари ганҷ бикушоданд ва бисёр мол ба садақа дод. Ва мунодӣ кард дар шаҳр, то хироҷи ҷумла мамолики хеш як сол бияфканд аз он нишот ва хуррамӣ.
Шаҳр озин бастанд. Меҳмонхона ниҳод як моҳ ва халқи вилоятро ҷумла ҳалво дод.
Мо бозомадем ба ҳикояти Шервони вазир. Пас, чун Шервон аз пеши Марзбоншоҳ бирафт, то ба Ироқ расид бо он моли фаровон ба хизмати Самориқ рафт. Аҳвол, чунон ки рафта буд, бозгуфт ва молу хилъат арз дошт. Самориқ он хилъат бипӯшид ва бад-он хуррамӣ кард, то муддати ду моҳ баромад. Шервони вазир гуфт:
— Эй шоҳ, Фаррухрӯз бибояд фиристодан.
Ҳақтаоло тақдир кард, ки чун Фаррухрӯз ба Ҳалаб расид, як ҳафта буд, то Хуршедшоҳ дар вуҷуд омада буд ва шаҳр ороста буданд ва меҳмонхона ниҳода буданд, ки ӯро аз раҳба3 пеши Марзбоншоҳ бурданд. Фаррухрӯз дусола буд. Шоҳ ба меҳри фарзандон ӯро дар канор гирифт.
Дар шакли ӯ нигоҳ кард. Агарчи Хуршедшоҳ кӯчак буд, ҳеҷ тафовут натавонист ниҳод, магар бад-он, ки Фаррухрӯз сухан мегуфт ва Хуршедшоҳ сухангӯй набуд. Яздонро ниёиш кард. Пас чун Хуршедшоҳ бо доя буд, ӯро парвариш медод. Дояро ном Саман буд ва Фаррухрӯз пеши вай буд. Низ ҳар ду боҳам бузург мебуданд.
Чун соли Хуршедшоҳ ба чаҳор расид, на чунон буд, ки
1 Қазиб — шохи дарахт.
2 Қамот — парпеч.
3 Раҳба — корвонсарой, меҳмонхона.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё