Зеҳн
Самаки айёр

Дар ин китоб намунаҳои беҳтарини насри бадеии классикӣ ва осори ривоятии форсу тоҷик гирд оварда шудаанд. Маҷмӯа ба хонандагон имкон медиҳад, ки бо осори гаронбаҳои адабиёти пешин ошно гарданд.

Агенти Зеҳнӣ · 25 октябри 2026 · 290 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

ва дардоданд. Баъд аз он хон бияфканданд ва аз ҳар гуна нону таом биёварданд ва чун аз нон хӯрдан фориғ шуданд, маҷлиси базм биёростанд. Мутрибон овози самоъ бароварданд, соқиён шароб дардоданд.

Қатури паҳлавон бар пой истод ва хизмат кард. Гуфт:
— Худойгонро бақо бод, банда пайғоме овардааст, бигзорад пеш аз он, ки забон аз гуфтор фурӯ монад ва ақл шӯрида шавад, ки шароб роҳи ҳирад дарбандад. Чун роҳи ҳирад баста шуд, сухан натавон гуфт.

Банда менамояд, ки шоҳзода Қизилмалик пайғом чунон додааст, ки бар ин ҷойгоҳ моро на бар ихтиёр буд омадан. Чунин буд, баромад. Ва дигар Қатрони паҳлавон бар ин кор миён баста дошт ва ҷанг ӯ мекард. Акнун чун Қатрон дар банди шоҳзода афтод, мо ҷанг натавонем кардан, ки нафармудаанд. Пайғом ба шоҳ фиристодаем, то чӣ фармояд. Агар ҷанг фармояд ҷанг кунем, чунон ки шоҳ моро бифармояд, ба сар барем, вагарна бозгардем аз баҳри он, ки то шоҳ беш аз ин ранҷа нашавад. Ва ҷанг нахоҳад, ки мо ҷанг нахоҳем кард, то пайғоми шоҳ бирасад.

Хуршедшоҳ гуфт:
— Раво бошад. Мадад хостаанд. Ҷанг он рӯз кунем, ки рои шумо бошад.

Бифармуд, то Қатури паҳлавонро хилъат доданд ва бозгардониданд. Чун Қатур бозгашт, Самак хизмат кард ва гуфт:
— Эй шоҳ, аз макри эшон ғофил мабош, ки эшон ҳилает месозанд аз он, ки мадад хостаанд. Ҷанг намекунанд, то мо ғофил бошем ва тохтан оваранд. Ва аз ин бисёр кардаанд. Агар тавонӣ, аз баҳри ҷони хеш ва ғамхорагии сипоҳ шароб хӯрдан дар боқӣ кун, то он рӯз, ки ин корҳо равшан шавад, ки банда низ коре дорад. Ба қалъаи Шоҳак хоҳам рафтан, ки кори Маҳпарӣ бингарам, ки аҳвол ба чӣ расидааст.

Хуршедшоҳ гуфт:
— Чунин кунем.

Бифармуд, то дар лашкар мунодӣ карданд, ки ҳеҷ кас шароб нахӯрад, то шоҳ фармояд. Бар ин қарор мебуданд ва шароб намехӯрданд. Аз он ҷониб Қатур аз пеши Хуршедшоҳ бозгашт ва аҳвол бо Қизилмалик бозгуфт ва осуда биншастанд.

Мо омадем ба ҳадиси Маҳпарӣ ва қалъаи Шоҳак. Чунин нақл мекунад муаллифи ахбор, ки чун Маҳпариро ба

пешина
аз 290
навбатӣ