Самаки айёр

Дар ин китоб намунаҳои беҳтарини насри бадеии классикӣ ва осори ривоятии форсу тоҷик гирд оварда шудаанд. Маҷмӯа ба хонандагон имкон медиҳад, ки бо осори гаронбаҳои адабиёти пешин ошно гарданд.
Агенти Зеҳнӣ · 25 октябри 2026 · 290 саҳифа
— Чӣ тадбир кунам? Аз ҳад бигзашт. Беш аз ин дафъ натакон кард.
Шокири соҳибқалам гуфт:
— Эй шоҳзода, як чора донам. Моро яке пеши Хуршедшоҳ бояд фиристод ва гуфтан, ки мо сари ҷанг надорем. Нома ба Арманшоҳ навиштам, то ҷавоб ояд. Ва низ Арманшоҳ Қатрони паҳлавонро ба ин кор фиристода буд. Акнун чун Қатрон дар миён нест, мо дастури ҷанг надорем. Ҷавоби нома бирасад. Агар дастур бошад, масоф кунем, вагарна бозгардем.
Қизилмалик гуфт:
— Нек тадбир кардӣ, то лашкар бирасад, мо ҷанг бикунем.
Пас гуфт:
— Қиро фиристем, ки сухан тавонад гуфтан?
Шокир гуфт:
— Қатурро бифиристем, ки сухан тавонад гуфтан.
Қатурро ҳозир карданд ва аҳвол бигуфтанд.
Қатур гуфт:
— Фармонбардорам.
Қатур ба роҳ афтод, то бар канори лашкаргоҳ бирасид. Хабар ба Хуршедшоҳ бурданд, ки Қатур — бародари Қатрон омадааст.
Хуршедшоҳ бифармуд, то боргоҳ биёростанд ва Хуршедшоҳ бар болои тахт биншаст ва тоҷи шоҳӣ бар сар ниҳод ва умарои давлат парастораш биистоданд ва аз ҳар ду ҷониб испаҳбадон ва паҳлавонон бар курсиҳои заррин ва симин нишастанд ва Фаррухрӯз болои сари Хуршедшоҳ биистод, теғ ҳамоил карда ва амуди гарон бар гардан ниҳода ва бар болои тахт бар дасти рости шоҳзода истода. Арғуни паҳлавон ва Шағоли Пилзӯр нишаста буданд. Ва бар дасти чапи шоҳ Самури паҳлавон, ки хеши Фағфур буд ва Шерӯяву Сиёҳгил ва Сом ва Санҷар ва дурӯя ғуломон саф кашида аз пеши тахт бар канори боргоҳ.
Шоҳ бифармуд, то Қатурро биёварданд. Ҳоҷибон ва сарҳангон биёмаданд ва аз канори лашкаргоҳ инони аспи Қатур гирифтанд, то Қатур пиёда шуд. Он соз ва тартибу қоидаи подшоҳӣ бидид, ӯро хуш омад. Ба боргоҳ омад. Чашм бар Хуршедшоҳ афканд. Он фарри подшоҳӣ дид ва ҳайбату сиёсат аҷаб дошт. Хидмат кард ва заминро намоз бурд ва офарин кард.
Шоҳ ишорат кард, то ӯро бар курсии заррин нишонданд. Дарҳол шаробдорон даромаданд ва ҷулоб оварданд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё