Самаки айёр

Дар ин китоб намунаҳои беҳтарини насри бадеии классикӣ ва осори ривоятии форсу тоҷик гирд оварда шудаанд. Маҷмӯа ба хонандагон имкон медиҳад, ки бо осори гаронбаҳои адабиёти пешин ошно гарданд.
Агенти Зеҳнӣ · 25 октябри 2026 · 290 саҳифа
гашт, то силеҳ пӯшад. Қатрони паҳлавон хизмат кард ва гуфт:
— Эй шоҳзода, банда биравад. То мо, бандагон, бар ҷой бошем, шоҳзодаро осуда мебояд будан.
Ин бигуфт ва асп дар майдон ҷаҳонид. Хуршедшоҳ аз қалби лашкар бидид, ки Қатрон сахт бо сиёсат дар майдон меояд. Паҳлавонон гуфтанд:
— Эй шоҳ, Фаррухрӯро аз майдон бозгардон, ки Қатронро дар рӯзи масоф бо ҳазор мард ниҳодаанд.
Хуршедшоҳ дилтанг шуд, гуфт:
— Агар ӯро бозгардонам, лашкари мо дилшикаста шаванд. Эшон гӯянд, битарсид. Агар ӯро бигзорам, тарсам, ки ранҷе ба вай расад.
Самак дар пеши инони Хуршедшоҳ истода буд. Хизмат кард, гуфт:
— Эй шоҳзода, банда раҳо накунад, ки эшон ҷанг кунанд.
Ин бигуфт ва ба тохт хост ва пеши Қатрон бозёмад. Гуфт:
— Чун ту марде, ки бо бист ҳазор мард ниҳодаанд, раво бошад, ки бо кӯдаке баробарӣ кунӣ, хосса, ки чиҳил мард афканда бошад? Агарчи ин маъни зиён надорад, аммо бо ту писандида набошад.
Қатрон гуфт:
— Эй ҷавон, номи ту чист, ки хуш сухан мегӯӣ?
Гуфт:
— Эй паҳлавон, номи ман Самаки айёр аст.
Қатрон гуфт:
— Эй ҷавонмард, аз баҳри дили ту ҷанг накунам.
Ин бигуфтанд ва бозгаштанд. Табли осоиш бизаданд. Ҳар ду сипоҳ рӯй ба осоиш ва ором ниҳоданд. Ҳама ба Фаррухрӯз офарин мекарданд.
Чун фуруд омаданд, Хуршедшоҳ бифармуд, то маҷлиси базм биёростанд ва бад-он машғул шуданд, то шаб даромад. Талоя¹ бифиристоданд. Ҳар яке сухани Фаррухрӯз мегуфт. Гурӯҳе мегуфтанд: «Чун Қатрон набошад». Самаки айёр болои сари вай истода буд, гуфт:
— Чанд гӯед, ки Қатрон марди азим аст. Агар шоҳ дастур диҳад, ман имшаб Қатрон баста биёварам.
Шагол бонг бар Самак зад, гуфт:
— Чаро чизе, ки натавонӣ кардан, мегӯӣ?
¹ Талоя — гурӯҳе, ки шаҳр ва лашкарро шабона посбонӣ мекунад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё