Зеҳн
Самаки айёр

Дар ин китоб намунаҳои беҳтарини насри бадеии классикӣ ва осори ривоятии форсу тоҷик гирд оварда шудаанд. Маҷмӯа ба хонандагон имкон медиҳад, ки бо осори гаронбаҳои адабиёти пешин ошно гарданд.

Агенти Зеҳнӣ · 25 октябри 2026 · 290 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

шуд. Хуршедшоҳ рӯй ба осоиш ниҳод ва дар хоб шуданд, то рӯз равшан шуд.

Шоҳзода бифармуд, то тартиби ҷанг карданд. Бонги кӯсу 1 бук,2 баромад. Саворон дар миёни оҳану пӯлод пинҳон шуданд ва рӯй ба майдон ниҳоданд. Аз он ҷониб Қизилмалик чун овози кӯс бишунид, бифармуд, то азми майдон карданд. Аз ҳар ду ҷониб саф баркашиданд. Аввал пиёдагон рӯй ба ҷанг ниҳоданд. Аз они Хуршедшоҳ ду ҳазор пиёда, пешрави эшон Самаки айёр ва аз он ҷониб миқдори се ҳазор пиёда дарҳам афтоданд. Миқдори дувист мард аз ҳар ду ҷониб ба ҳалок омаданд, нақибони лашкар даромаданд, гуфтанд, навбати саворон аст, шумо биёсоед. Эшон бозгаштанд.

Аз ҷониби Хуршедшоҳ Фаррухрӯз асп дар майдон ҷаҳонид. Бар аспе савор гашта, ки аз бод сабақ бурда буд, бо олоти разм ороста. Фаррухрӯз бо ҷумлаи силеҳ новард 3 кард ва мард хост. Аз лашкари Қизилмалик саворе асп дар майдон ҷаҳонид — номи вай Шоҳон, бар аспе савор гашта бо қуввати пил, ороста ба зин ва баргустувон. Ва Шоҳон худро ба чаҳордаҳ пора силеҳ ороста. Баробари Фаррухрӯз омад ва бонг бар вай зад, ки:

— Насаб аз кӣ дорӣ, бигӯй, то агар дар хӯри ман ҳастӣ нек ва агар на, бозгардам, то Хуршедшоҳ биёяд!

Фаррухрӯз бонг бар вай зад ва гуфт:

— Эй фурӯмоя, туро заҳра бошад, ки номи Хуршедшоҳ барӣ, ки ӯ чун шоҳи ту ҳазор посбон дорад. Манам бандаи вай Фаррухрӯз. Биёвар, то аз мардӣ чӣ дорӣ!

Ин бигуфт ва ба якдигар андаромаданд. Ба найза бисёр бикӯшиданд, то найза дар дасти эшон бишикаст. Даст бизаданд ва теғҳо баркашиданд. Ҳар ду тамом буданд. Ба оқибат Фаррухрӯз ӯро теғе зад ва ба дуним кард. Хурӯш аз лашкари Хуршедшоҳ баромад. Зорӣ аз лашкари Қизилмалик баромад.

Саворе дигар дар майдон омад, бияфканд. Дигаре биёмад, бияфканд, то чиҳил мард бияфканд. Ҳеҷ кас дар майдон намерафт.

Қизилмалик гуфт:

— Ҳанӯз аввали рӯз аст, чунин ҷанг мекунед? Ғайба ва силоҳи ман биёваред, ки кор маро афтодааст. Пиёда

1 Кӯс — нагора.
2 Бук — шайпур, карнай.
3 Новард — набард, ҷанг.
4 Ғайба — тирдон.

пешина
аз 290
навбатӣ