Зеҳн
Самаки айёр

Дар ин китоб намунаҳои беҳтарини насри бадеии классикӣ ва осори ривоятии форсу тоҷик гирд оварда шудаанд. Маҷмӯа ба хонандагон имкон медиҳад, ки бо осори гаронбаҳои адабиёти пешин ошно гарданд.

Агенти Зеҳнӣ · 25 октябри 2026 · 290 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Аз он ҷониб чун Хуршедшоҳ аз дара рӯй ба лашкаргоҳ ниҳод, Қарн аз пеш бирафт. Чун хабар ба лашкаргоҳ расид, ки Қарн ба расулӣ меояд, лашкар истиқбол карданд ва ӯро ба ҳурмат дароварданд ва Шерӯя, ки пешрави сипоҳ буд, боргоҳ сохт. Паҳлавононро хабар карданд. Чун Қарн ба боргоҳ омад, хизмат кард ва биншаст. Дарҳол ҷулоб ва мева ва таом оварданд, бихӯрданд ва ба шароб хӯрдан машғул шуданд. Қарн бархост. Номаи шоҳзода берун овард ва бӯса доду пеши эшон бинҳод. Шерӯя нома бардошт ва бар дасти вазир дод то бархонд ва аҳвол маълум кард. Дар он нигоҳ карданд. Ҳамагон гуфтанд:
— Мо ҳама хизматгоронем ва Хуршедшоҳ фармондеҳи мост. Акнун куҷост?
Қарн гуфт:
— Фардо бирасад. Арғун ва Сом дар хизмати вай бо лашкаре бисёр.
Эшон ба истиқбол рафтанд. Ғалаба дар лашкаргоҳ афтод.

Аз қазо ҷосуси Қизилмалик он ҷо буд, бишнид. Рӯй ба роҳ ниҳод. Пеши Қизилмалик омад ва аҳвол ба шарҳ бигуфт. Қизилмалик чун бишнид, дилтанг шуд. Андеша мекард. Қатрон аз дари боргоҳ даромад. Хизмат кард, Қизилмаликро дид, хашмнок, гуфт:
— Эй паҳлавон, Меҳрони вазир дидӣ, ки чӣ кард? Моро бифурӯхт ва ба дасти теғ боздод.
Қатрон гуфт:
— Эй шоҳзода, Меҳрон дурӯғ нагуфт, ба далели он, ки саҳаргоҳ зани вай бо ду духтар расиданд.
Пас, нома ба дасти вай дод. Қизилмалик аҳвол маълум кард ва бишнид, ки духтар ба қалъаи Шоҳак аст, гуфт:
— Акнун моро тадбири ҷанг мебояд кардан.
Бифармуд, то зани вазирро бо духтарон дар ҷои некӯ фуруд оварданд.

Аз он ҷониб чун Шерӯя ва Санҷар ва Самур ва Сиёҳгил ва Кармун бо панҷ ҳазор савор ба истиқболи Хуршедшоҳ омаданд. Чун чатри Хуршедшоҳ бирасид, ҷумла пиёда гаштанд. Хизматкунон меомаданд ва Фаррухрӯз истода, биёмаданд ва рикоби шоҳзода бӯса доданд ва дасти Фаррухрӯз бӯса доданд. Боргоҳи Хуршедшоҳ заданд. Хуршедшоҳ пиёда гашт ва ба болои тахт баромад. Фаррухрӯз болои сари вай истода, ҳамагон ба хизмат истоданд. Дар вай нигоҳ мекарданд. Он фарри подшоҳӣ аз вай метофт. Дуо мекарданд ва узр мехостанд.

пешина
аз 290
навбатӣ