Зеҳн
Самаки айёр

Дар ин китоб намунаҳои беҳтарини насри бадеии классикӣ ва осори ривоятии форсу тоҷик гирд оварда шудаанд. Маҷмӯа ба хонандагон имкон медиҳад, ки бо осори гаронбаҳои адабиёти пешин ошно гарданд.

Агенти Зеҳнӣ · 25 октябри 2026 · 290 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Санҷар гуфт:
— Чӣ мегӯед? Эшон се тан буданд: Хуршедшоҳ, Фаррухрӯз ва Шағоли Пилзӯр ва мо чаҳорсад тан.
Паҳлавононро аҷаб омад, ки се тан бо чаҳорсад одамӣ чунин корҳо кунад. Гуфтанд:
— Акнун надонем, ки куҷо рафтанд ва куҷо бошанд.
Пас, дарҳол нома ба хизмати шоҳ Фағфур фиристоданд ва ӯро аз ин воқеаҳо огоҳӣ доданд ва бад-ин муҳим ҷаммозае равона карданд. Пас, гуфтанд: «Мардеро бояд фиристодан, ки ҷосусӣ кунад ва ҷойгоҳи эшон ба даст орад. Се тан, духтари шоҳ ва панҷоҳ ҳарвор хазина куҷо тавонад бурдан? Дар ин вилоят натвон будан ҷое, ки нишастангоҳи эшон бошад ва низ ғарибанд ва роҳе надонанд ва вилояти Ҳалаб дур аст ва бар ин зудӣ натавонанд рафтан. Пас, марде ҷосус бифиристоданд ба талаби эшон, то мақом ва ҷойгоҳи эшон ба даст оварад ва эшон лашкар баранду Хуршедшоҳро бигиранд ва духтару мол аз дасти эшон бадар оваранд. Ҷосус рӯй ба роҳ ниҳод ва мерафт.
Аз он ҷониб Самак аз дараи Буғрой рӯй ба роҳ ниҳод ва ба лашкаргоҳ мерафт, ки аҳвол боздонад ва эҳтиёте бикунад. Дар роҳ ба чашмасоре расид. Марде дид нишаста ва нон мехӯрад. Танҳо. Бо вай касе набуд. Самак бо худ гуфт: «Шак накунам, ки ин мард ҷосус аст ва талабгори мост. Маро бо вай чӣ кор аст? Аз дасти вай чӣ хезад? Пеши вай рафт ва салом карду биншаст ва ҳеҷ сухан нагуфт.
Он мард гуфт:
— Аз куҷо меоӣ ва ба куҷо хоҳӣ рафт?
Самак гуфт:
— Марде хизматгорам ва бо духтари Фағфур ҳамроҳ будам. Чун Хуршедшоҳ ба лашкаргоҳи мо расид ва қавме бисёр аз мо бикушт, духтари шоҳ бибурданд ва лашкар ба ҳазимат шуданд. Ман ранҷур будам. Акнун ба лашкаргоҳ меравам ва роҳ намедонам, ки чӣ гуна мебояд рафтан.
Он мард гуфт:
— Бар ин роҳ мерав, то ба лашкаргоҳ.
Самак гуфт:
— Ту куҷо меравӣ?
Он мард гуфт:
— Маро ба талаби Хуршедшоҳ фиристодаанд, то бидонам, ки молу духтар куҷо бурдааст. Бозгардам ва бигӯям, то лашкар дунболи вай бираванд ва бозситонанд.
Ин бигуфтанд ва ҳар яке аз ҷонибе бирафтанд.

пешина
аз 290
навбатӣ