Самаки айёр

Дар ин китоб намунаҳои беҳтарини насри бадеии классикӣ ва осори ривоятии форсу тоҷик гирд оварда шудаанд. Маҷмӯа ба хонандагон имкон медиҳад, ки бо осори гаронбаҳои адабиёти пешин ошно гарданд.
Агенти Зеҳнӣ · 25 октябри 2026 · 290 саҳифа
ПАС, бифармуд, то ӯро банд барпиҳиданд. Бо Меҳрони вазир гуфт:
— Панҷоҳ ҳарвор хазина тартиб кун аз баҳри ҷиҳози духтар.
Меҳрон онро тартиб кард ва бар шоҳ арз кард. Пас, ғуломе буд аз он шоҳ, номи ӯ Санҷар. Номзад кард, ки бо духтар биравад. Санҷар тартиби худ мекард.
Худованди ҳадис ва ровӣ нақл кард, ки чун Самак аз пеши Хуршедшоҳу Шағол рафт то ба лашкаргоҳ, аз ҳар ҷониб мегашт. Гуфт: «Маро ба шаҳр мебояд рафтан». Рӯй ба шаҳр ниҳод. Иттифоқ чунон афтод, ки чун духтари шоҳ бадар бурданд, бар он хорӣ, Рӯҳафзо дар боғ гирӯён ме- буд, то Маҳрӯяро бибинаду аҳвол бозгӯяд ва Маҳрӯя ба талаби Самак фиристад, ки ногоҳ чун шаб даромад, Самак аз дари боғ даромад. Рӯҳафзоро дид, гиревону зорикунон.
Самак гуфт:
— Духтари шоҳро чӣ расидааст ва куҷост, ки ту бе вай дар боғӣ?
Рӯҳафзо гуфт:
— Эй фарзанд, аз ин бадтар чӣ хоҳӣ, ки Маҳпариро ба Қизилмалик фиристоданд.
Самак гуфт:
— Эй модар, чӣ гуна афтод ин ҳол?
Рӯҳафзо забон баркушод аз омадани вазир то он со- ат, ки вай омада буд, бозгуфт.
Эшон дар гуфтор, ки Маҳрӯя бирасид, пурсид, ки шу- моро чӣ будааст? Самак аҳвол бо Маҳрӯя бозгуфт, аз он чӣ рафта буд. Пас гуфт:
— Ин ҳама Меҳрони вазири ҳаромзода мекунад. Рост гуфтаанд, ки: «Ҳар чӣ аз кор бозгиранд, ба кор бояд». Ман коре созам бо вай, агар зиндагонӣ бошад, ки то ҷаҳон бошад, аз он гӯянд. Бо ин ҳама вақти берун омадани шумо омад. Вақти кор аст.
Пас, гуфт:
— Эй модар, чора бояд кардан, то духтар аз дасти эшон берун орем. Ҳеҷ донӣ, ки духтар кадом рӯз мебаранд?
Рӯҳафзо гуфт:
— Дар ин ду рӯз ӯро бибаранд.
Маҳрӯя гуфт:
— Эй паҳлавон, ҳам акнун эшонро биёварем валекин ҷамоате силоҳ надоранд ва дигар куҷо равем, ки битаво- нем будан.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё