Зеҳн
Самаки айёр

Дар ин китоб намунаҳои беҳтарини насри бадеии классикӣ ва осори ривоятии форсу тоҷик гирд оварда шудаанд. Маҷмӯа ба хонандагон имкон медиҳад, ки бо осори гаронбаҳои адабиёти пешин ошно гарданд.

Агенти Зеҳнӣ · 25 октябри 2026 · 290 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Самак гуфт:
— Шумо берун сед бе ғалабаву ошӯб, то ман бигӯям, ки чӣ бояд кардан.

Маҳрӯя рафт ва ҳам дар соате эшонро пеши Самак овард.

Чорсад мард бе ғалабаву ошӯб дар боғ омаданд ва пеши Самак хизмат карданд ва биистоданд.

Самак ба Рӯҳафзо гуфт:
— Ҳеҷ тартиби силоҳи эшон тавонӣ кардан?

Рӯҳафзо бирафту силоҳ он чӣ боист дар сарои духтари шоҳ биёвард ва ба ҷавонмардон дод.

Самак гуфт:
— Эй ҷавонмардон, шуморо ба сӯи роҳ бояд рафтан, ки ҷойгоҳе фарох аст ва дар канори шаҳр аст ва гӯш доред, ки касе шуморо набинад.

Пас, аҳволи духтари шоҳ бо ин ҷавонмардон бозгуфт.

Самак гуфт:
— Моро бар сари роҳ бояд рафтану роҳ гирифтан, то эшон биёянд ва дар эшон занем, ки духтар аз эшон биситонем, ки қаҳре бошад, ки ин ҳама садоъу ранҷ, ки кашидем, духтари шоҳ аз пеши мо бибаранд.

Ҳамагон гуфтанд:
— Эй паҳлавон, агар моро асп будӣ, беҳтар будӣ.

Самак гуфт:
— Шуморо мебояд будан, ки асп аз галаи шоҳ меоваранд. Нигоҳдорӣ мекунам, бошад ки ба даст тавонам овардан.

Он ҷавонмардон бирафтанду дар роҳи бероҳ пинҳон шуданд.

Самак ба ношинохт биёмаду сари роҳ бигирифт ва нигоҳ медошт. Ҳар киро коре рост хоҳад омадан, бе ранҷ он кори вай барояд. Аз қазои эзидӣ аспи галаи шоҳ ба шаҳр мебурданд ва Самак пеши эшон бозрафту бонг бар эшон зад, ки куҷо меравед.

Галабонон гуфтанд:
— Асп шоҳ хостааст, магар доғ хоҳад ниҳодан.

Самак гуфт:
— Аз дер боз маро фиристодааст, ки сари роҳ нигоҳ дорам, то шумо аспон наёваред, ки шоҳ ин вақт фароғат надорад, ки ба тадбири духтар машғул аст, ки ба Қизил-малик фиристад. Акнун шумо аспон ин ҷойгоҳ боздоред.

1 Садоъ — дарди сар.

пешина
аз 290
навбатӣ