Зеҳн
Самаки айёр

Дар ин китоб намунаҳои беҳтарини насри бадеии классикӣ ва осори ривоятии форсу тоҷик гирд оварда шудаанд. Маҷмӯа ба хонандагон имкон медиҳад, ки бо осори гаронбаҳои адабиёти пешин ошно гарданд.

Агенти Зеҳнӣ · 25 октябри 2026 · 290 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

яздон худ Хуршедшоҳро аз банд наҷот додааст. Агар бирасад, нек бошад ва агар нарасад, ки ҳаргиз мабодо дар ҷаҳон, ки баъд аз он касе дар ман нигарад.

Ҳар чӣ духтар мегуфт, Меҳрони вазир онро роҳе мениҳод, то як бор духтар ба тира шуд. Гуфт:

— Эй нодон, падари ман, ки подшоҳӣ дар дасти чун туе ниҳодааст, маро гумон буд, ки ин ҳама фитнаву корҳо ту мекунӣ ва дар он шак будам. Акнун яқин шуд.

Лоло Солеҳро гуфт:

— Баргир ин бадкирдорро ва аз ин ҷо берун андоз!

Лоло Солеҳ омаду гуфт:

— Бархез!

Ва бозуи вазир бигирифт ва аз дари хона берун кард, чунон ки дастор аз сари вай бияфтод.

Меҳрони вазир дилтангу ғамнок шуд ва рӯй ба роҳ ниҳод, то омад ба пеши Фағфур, бигирист.

Шоҳ гуфт:

— Чӣ будааст?

Меҳрони вазир он чӣ аз духтар шунида буд ба ваҷҳе зишттару нохуштар бозгуфт ва чунон ки аз он ноҳамвор Фағфурро бар сар оташ нишонд, вайро аз ҷои худ бибурд. Шоҳ аз гуфтори духтар дилтанг шуд, гуфт:

— Вазир, тадбир чист ва бо ин чӣ созам, ки ризо намедиҳад, ки ӯро ба шавҳар диҳам. Агарчи ҳақ мегӯяд, ки ӯро бо Хуршедшоҳ ақд бастаам.

Вазири ҳаромзеда гуфт:

— Бад-он ки гуфтӣ, духтар ба ту хоҳам дод, ақд баста нашавад. Туро ҳукм бар духтар аст. Туро фармони духтар намебояд бурдан. То бар ин ғоят дар фармони доя мебуд, ки ҷоду буд. Акнун чун бишнаванд, ки духтар фармони ту намебарад, зиштӣ дерад. Ходим бифирист, то ӯро кашон пеши ту оварад, ӯро дар банду сандуқ нишон, бо муваккалон ба Қизилмалик фиристод, то ҳурмате ба Қизилмалик оварда бошӣ. Гӯянд: «Шоҳ Фағфур духтари хеш банд барниҳоду ба Қизилмалик фиристод». То ҷаҳон бошад, аз кирдори ту бозгӯянд.

Ходимон ба фармони шоҳ ба сари духтар омаданду ӯро гесу гирифтанд ва пеши падар оварданд.

Фағфур гуфт:

— Эй раънои хешком, туро ройи он бошад, ки гӯӣ: ман ин шавҳар намехоҳаму он шавҳар мехоҳам, ки агар на он будӣ, ки туро хостгоре омадааст ва дафъ наметавонам кард, вагарна туро ҳалок кардаме!

пешина
аз 290
навбатӣ