Зеҳн
Самаки айёр

Дар ин китоб намунаҳои беҳтарини насри бадеии классикӣ ва осори ривоятии форсу тоҷик гирд оварда шудаанд. Маҷмӯа ба хонандагон имкон медиҳад, ки бо осори гаронбаҳои адабиёти пешин ошно гарданд.

Агенти Зеҳнӣ · 25 октябри 2026 · 290 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Қизилмалик гуфт, ки: «Бинавис, ки аҳволи падарони мо ва хироҷ додану ситадани эшон мо надонем, эшон — эшон буданд, рафтанду мо ҳастему бошем ва агар аз падари ман нахостӣ аз ту буд; агар хироҷ бихостӣ ё бидодӣ ё ҷавоби ту ба захми шамшер боздодӣ — ин худ рафт. То бад-ин ғоят мадади ту аз дояи ҷоду буд, ки подшоҳон сар бар хатти ту мениҳоданд ва аз ҷодуӣ чанд подшоҳзода дар банд карда буд. Акнун доя рафт, туро бар ҳамаи ҷаҳон кай хонанд? Акнун ман омадам бо лашкаре ороста ва ҷавоби номаи ту дар сари роҳ навиштаам. Бояд, ки чун номаи ман бар ту расад, духтари худ Маҳпарӣ бо таҷаммуле ва моле фаровон ва хироҷи даҳсола бифиристӣ, то ман ҳам аз роҳ бозгардам, вагарна ҷангро омада бош, ки мо дар маргзори Гӯрон нишастаем, то расидани шумо бошад».

Ва ин маргзори Гӯрон ҷойгоҳе фарох ва чашма фаровону гиёҳ бисёр буд.

Чун Шокир аз шоҳзода маълум кард, ки ҷавоби нома чун мебояд навиштан, дарҳол нома навишт сад чандон, ки Қизилмалик фармуда буд ва мӯҳр барниҳоду ба Карчун дод ва бо хилъат гусел кард ва ӯ ҳам дарҳол бозгашт.

Иттифоқи эзидӣ чунон буд, ки Самаку Шағоли Пилзӯр ва Заранди ҷарроҳ ва он айёрон, ки аз банду зиндон берун омаданд, ва ғалабаву ошӯби Қизилмалик дар шаҳр афтода буд аз додхоҳон, дар сарои Фағфур ғалаба бархост. Пас, аҳвол бо Фағфур бигуфтанд, ки:

— Зиндонро бишкастанд ва айёронро бибурданд.

Шоҳ Фағфур аз дилтангӣ, ки буд, гуфт:

— Чӣ ҷои айёрон аст. Маро чандон ғам пеш омадааст, ки бо эшон намепардозам. Донам, ки маро ҳам ғам аз хуни эшон аст, ки ба ноҳақ рехта шуд.

Пас, Самаку Шағоли Пилзӯр ва дигарон дар зери замин мебуданд — дар сарои Маҳрӯя ва ҷаҳон дар ошӯб афтода. Пас дар он ҳол Рованди бозрасид ва посухи номаи Меҳрони вазир бозовард. Меҳрон нома бархонд ва кас фиристод ва Шерафканро ҳозир кард ва нома бар вай хонд. Шерафкан гуфт, ки:

— Эй Меҳрон, чӣ гуна мебояд кардан? Он чӣ маслиҳат аст, мекун.

Меҳрони вазир гуфт:

— Моро тадбир бояд кардан, ки он чӣ морост — хазонаву зану фарзанд, он ҷо фиристем, то эшон донанд, ки мо

пешина
аз 290
навбатӣ