Самаки айёр

Дар ин китоб намунаҳои беҳтарини насри бадеии классикӣ ва осори ривоятии форсу тоҷик гирд оварда шудаанд. Маҷмӯа ба хонандагон имкон медиҳад, ки бо осори гаронбаҳои адабиёти пешин ошно гарданд.
Агенти Зеҳнӣ · 25 октябри 2026 · 290 саҳифа
раво бошад? Акнун мо расул фиристодем ва ҳуҷҷати худ гирифтем, то маълум бошад. Вассалом».
Чун нома тамом кард, бар шоҳ арз кард ба нафрин. Бар Меҳрон офарин кард, ҳарчанд шоҳ Фағфур намедонист, ки ин ҳаромзодаи бадфеъл чӣ дар дил дорад. Пас, нома мӯҳр барниҳод ва ба Кармун дод.
Кармун ба роҳ афтод ва бирафт. Меҳрони вазир дар ниҳон нома навишт ба Қизилмалик, ки: «Эй шоҳзода, бояд ки ҳар расул, ки биёяд, ӯро қаҳр кунӣ, ки ин ҷо ҷандон саҳму сиёсати ту афтодааст, ки ҳеҷ кас аз бими ту хоб намеёранд кард. Шоҳ Фағфур номаҳо хоҳад фиристодан ва лашкар хондан ва ман дафъ мекунам ва амирон, ки дар хидматанд, аҳдномаи эшон меситонам ва ҳар ки дар вай салоҳе намебинам, ба хидмат мефиристам ба расулӣ, то донӣ, ки ба эшон чӣ мебояд кардан. Ҳама коре месозам, то чун шоҳзода бирасад, беранҷ кор тамом шуда бошад».
Номаро мӯҳр барниҳод. Пас, марде буд, номи вай Ровандӣ. Ва ин Ровандӣ роҳрави некӯ буд ва хидматгори Меҳрони вазир буд. Нома биситад ва рӯй ба роҳ ниҳод ва чунон бирафт, ки пеш аз Кармун бар он ҷо расид ва аз роҳ ба боргоҳ рафт ва гуфт ки: «Шоҳро бигӯед, ки расуле омадааст ва номае овардааст».
Ҳоҷибон шоҳзодаро хабар доданд ва бо вай бигуфтанд, ки нома овардаанд. Пас, шоҳзода фармуд, то Ровандиро дароварданд. Чун даромад хидмат кард ва нома пеши Қизилмалик бинҳод.
Қизилмалик дабире дошт боақлу фазл, номи вай Шокир. Ӯро бихонду нома ба вай дод, то бихонад. Чун аҳволи нома маълум кард, бо Қизилмалик бигуфт.
Гуфт:
— Ҳамчунин кунам. Аз ҳар ду ҷониб гирифтугир кунам, то чун бошад.
Шокир гуфт:
— Эй шоҳзода, на чунин мебояд кардан. Зинҳор, то ба гуфту номаи Меҳрони вазир худро бадном накунӣ, ки ҳаргиз ҳеҷ подшоҳе расулон наранҷонидаанд; ва дигар, ту ба сози он меравӣ, ки домоди Фағфур бошӣ. Ҳар ки ба талаби домодӣ равад, бар ин сурат наравад ва олам хароб мекунӣ, ки нафрини халоиқ бар ту бувад ва подшоҳон чунин накунанд ва дигар набояд, ки Меҳрони вазир талбисе месозад. Ниҳонӣ роҳе ба даст бояд овардан, то донем, ки чӣ мебояд кард. Нома нависем ба Меҳрони вазир, ки: «Ту қавл чунон карда будӣ, ки духтари шоҳ дар банди

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё