Ёдномаи Расул Ҳодизода (ба ифтихори 90-солагӣ)

Китоб ба ҳаёт ва фаъолияти адабию илмии олими барҷастаи тоҷик Расул Ҳодизода бахшида шудааст. Дар он мақолаҳо ва хотираҳои ҳамкорон ва шогирдон гирд оварда шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 24 октябри 2026 · 315 саҳифа
пажӯҳишгари асосии адабиёти маорифпарварии тоҷик мебошад. Бемуболиға метавон гуфт, ки бештар ба воситаи тадқиқотҳои ӯ бузургӣи ин нависандаи мутафаккир имрӯз дар байни халқи мо маълуму машҳур ва номаш вирди забони хосу ом гардидааст.
Мақсади деринаи Р. Ҳодизода чун сару сарвари мутахассисони соҳаи адабиёти классикии тоҷик ба вуҷуд овардани таърихи илмии бисёрҷилдаи ин адабиёт аст. Вай барои амалӣ гардондани ин мақсади олӣ офаридани таърихи мукаммали академии адабиёти тоҷик, ки дар адабиётшиносии мо аввалин бор сурат мегирад, тайёрии пухта дид. Кӯшишу ғайрати бисёре ба харҷ дод, корҳои зиёди ташкилӣ ва илмиро ба сомон расонд. Бо тадбир ва салоҳдиди ӯ роҳи мувофиқи офаридани таърихи мазкур андешида шуд. Пеш аз анҷоми ин кори бузург чун марҳалаи аввали он ба таълифи силсилаи очеркҳо аз таърихи адабиёти тоҷик ҳиммат гумошта шуд. Гурӯҳи калони адабиётшиносони варзида ва ҷавон таҳти роҳбарӣ ва иштироки бевоситаи Р. Ҳодизода аввал дар Институти забон ва адабиёти Академияи илмҳои Тоҷикистон дар давоми чандин сол ба таълифи очеркҳои мукаммал оид ба давраҳои гуногуни таърихи адабиёти тоҷик машғул шуданд. Ин кори меҳнатталаб самараҳои намоён ва дилхоҳе дод: 10-12 китоби калони очеркҳо ва рисолаҳои ҷудогона ба вуҷуд омаданд, ки дар онҳо давраҳои томи омӯхтанашуда ё кам омӯхташудаи таърихи адабиёти тоҷик ва масъалаҳои муҳимтарини онҳо, аҳволу осори адибони машҳуру номашҳур мавриди тадқиқи муфассал қарор дода шудаанд. Дар сари ин кори бузург Р. Ҳодизода меистод, тамоми китобҳои очеркҳо бо маслиҳат, таҳти назар ва роҳбарии бевоситаи илмӣ ва таҳрири ӯ ба чоп тайёр мешуданд. Бо ҳидоят ва раҳнамоии ӯ муҳаққиқон дар ин очеркҳо ба кашфи давраҳои номаълум, саҳифаҳои тозаи таърихи

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё