Зеҳн
Ёдномаи Расул Ҳодизода (ба ифтихори 90-солагӣ)

Китоб ба ҳаёт ва фаъолияти адабию илмии олими барҷастаи тоҷик Расул Ҳодизода бахшида шудааст. Дар он мақолаҳо ва хотираҳои ҳамкорон ва шогирдон гирд оварда шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 24 октябри 2026 · 315 саҳифа

ТаърихАдабиёт
Аз аввал хондан

ӯҳда дошт. Солиёни зиёд вазифаеро адо кард, ки дар муассисаҳои илмӣ боэътибортарин ба ҳисоб рафта, онро одатан олимони номдор ва барҷастае дар ӯҳда медоранд.

Пурра фаро гирифтан ва дақиқ баррасӣ намудани сарчашмаҳои зиёди адабиёти нимаи дуюми асри XIX барои Р. Ҳодизода асоси омӯзишҳои ҳартарафа ва амиқи адабиёти ин давр гардид. Агарчи Р. Ҳодизода ҳамчун донишманди тавонои адабиёти мумтоз ба пажӯҳиши давраҳо ва масъалаҳои гуногуни таърихи адабиёт даст зада ва онҳоро бо камоли маҳорат ҳал карда меояд, аммо рағбати ӯ ба омӯзиши адабиёти нимаи дуюми асри XIX ва хусусан рӯзгору осори нависандаи маорифпарвари ин давр Аҳмади Дониш бештар аст. Омӯзиши Аҳмади Дониш ва адабиёти даврони ӯ машғулоти асосӣ ва якумрии Р. Ҳодизода гардидааст. Тадқиқи адабиёти ин давр ва аҳволу осори симоҳои барҷастаи он Қорӣ Раҳматуллоҳи Возеҳ, Шамсиддини Шоҳин, Абдулқодирхоҷаи Савдо ва дигарон бештар ба номи ӯ вобастагӣ дорад. Хидматҳои бузурги Р. Ҳодизода дар адабиётшиносӣ ва умуман дар илму фарҳанги тоҷик пеш аз ҳама дар он аст, ки вай ба воситаи тадқиқоти умда ва амиқи худ оид ба рӯзгор ва осори Аҳмади Дониш ва шоиру нависандагони ҳамзамони ӯ манзараи васеи як давраи том, давраи шукуфон ва бисёр муҳими таърихи адабиёти тоҷикро равшан намудааст. Р. Ҳодизода дар бораи адабиёти нимаи дуюми асри XIX ва Аҳмади Дониш ғайр аз мақолаҳои бисёр ва китобҳои дарсӣ панҷ рисолаи калон ва китобҳои ҷудогона таълиф намудааст, баъзе аз онҳо ҳанӯз ба чоп нарасидаанд. Ривоҷу равнақи адабиёти маорифпарварии тоҷик дар нимаи дуюми асри XIX, роҳи тараққиёт ва хусусиятҳои он, мақоми Аҳмади Дониш дар адабиёти ин давр ва умуман дар таърихи адабиёти тоҷик ба туфайли тадқиқоти Р. Ҳодизода муайян шудааст. Р. Ҳодизода донишшинос ва

пешина
аз 315
навбатӣ