Зеҳн
Ёдномаи Расул Ҳодизода (ба ифтихори 90-солагӣ)

Китоб ба ҳаёт ва фаъолияти адабию илмии олими барҷастаи тоҷик Расул Ҳодизода бахшида шудааст. Дар он мақолаҳо ва хотираҳои ҳамкорон ва шогирдон гирд оварда шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 24 октябри 2026 · 315 саҳифа

АдабиётТаърих
Аз аввал хондан

адабиётамон муваффақ шуданд. Номи бисёр шоирони хурду калони гумному номаълумро зинда карданд ва ашъори онҳоро ба муомилаи илмӣ дароварданд. Умуман, қариб тамоми очеркҳо, қатъи назар аз савияҳои гуногуни илмию назарии худ, сухани нав дар адабиётшиносии тоҷик гардиданд. Силсилаи очеркҳо аз таърихи адабиёти тоҷик на танҳо бо роҳбарӣ ва таҳрири умумӣ, балки иштироки бевоситаи Р. Ҳодизода таълиф шудаанд. Аз ҷумла, фаслҳои асосӣ ва муҳимтарини китоби якуми очеркҳои адабиёти асрҳои XII–XIV ба қалами ӯ мансубанд. Дар ин китоб Р. Ҳодизода аввалин бор дар адабиётшиносии тоҷик девонҳои ашъори Анварӣ, Заҳири Форёбӣ, Муиззӣ, Асирии Ахсикатӣ, Рашиди Ватвот барин шоирони қасидасарои номӣ ва зарбардасти асри XII-ро мавриди тадқиқ қарор дода, очеркҳои ҳаёт ва эҷодиёти онҳоро ба вуҷуд овард, ки дар савияи баланди илмию назариявӣ ва талаботи имрӯзаи адабиётшиносӣ навишта шудаанд. Бо вуҷуди он ки ин очеркҳо дар муддати хеле кӯтоҳ бо девкории ба Р. Ҳодизода хос таълиф гардида буданд, дар гузориш ва ҳалли масъалаҳои умдаи тоза, сатҳи баланди таҳлили осори сухансароёни мазкур онҳо бар тамоми навиштаҳои адабиётшиносони Эрон ва шарқшиносони аврупоӣ роҷеъ ба шоирони мавриди тадқиқ дар китобҳои таърихи адабиёт имтиёз пайдо намудаанд. Дар онҳо муҳаққиқ ба дарёфти нуктаҳои фавқулода муҳим оид ба равнақи адабии давр ва эҷодиёти адибон, аз қабили озодии шахсӣ пайдо кардани шоирони қасидасарои асри XII ва ба дарбори ҳукмдорони муайян вобаста набудани бештарини онҳо, таъсири бобаракати ин ҳодиса дар ғанӣ гардидани мундариҷаи қасида бо мазмунҳои ғайримадеҳавию ҳаётӣ муваффақ гардидааст, аз гӯшаи хаёли адабиётшиносии Эрон нагузаштаанд. Ҳол он ки адабиёти давраи мазкур ба доираи тадқиқоти доимӣ ва

пешина
аз 315
навбатӣ