Зеҳн
Ёдномаи Расул Ҳодизода (ба ифтихори 90-солагӣ)

Китоб ба ҳаёт ва фаъолияти адабию илмии олими барҷастаи тоҷик Расул Ҳодизода бахшида шудааст. Дар он мақолаҳо ва хотираҳои ҳамкорон ва шогирдон гирд оварда шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 24 октябри 2026 · 315 саҳифа

ТаърихАдабиёт
Аз аввал хондан

тоҷикиро барои садсолаҳои баъдӣ муайян намуд. Аз ин рӯ дар миёни ҳамасрони худ ва пасиниён ҳамчун «Одамушшуаро», «Устод», «сари шоирон» ва «Соҳибкирони шоирӣ» ном баровард. Шуҳрати устод Рӯдакӣ на танҳо Самарқанду Бухоро — ду пойтахти Сомониён, балки тамоми Хуросони бузургро фаро гирифт. Шеъри ӯро дар ҳама ҷо замзама ва пайравӣ мекарданд. Чунонки худ гуфта:
Шуд он замона, ки шеъраш ҳама ҷаҳон бинвишт,
Шуд он замона, ки ӯ шоири Хуросон буд.

Ҳам оғозгар ва ҳам бунёдгари адабиёти форсии тоҷикӣ гардидани самаркандиён тасодуфӣ набуд. Самарқанд аз ибтидо бо шаҳрҳое ҳамчу Бухоро, Шероз, Балх, Ҳирот, Исфаҳон, Марв, Хуҷанд ва ғайра ҳамсарӣ мекард ва аз марказҳои асосии сиёсӣ, илмию адабӣ ва таърихию фарҳангии қавмҳои эронинажод ба шумор мерафт.

Нақши Самарқанд дар инкишофи адабиёти форсии тоҷикӣ дар тӯли садсолаҳо ба тарзу тариқи гуногун зуҳур намудааст:

  1. Иштироки бевоситаи аҳли Самарқанд дар офариниши адабиёти форсии тоҷикӣ, мисли Абулянбағӣ, Абу Ҳафс, Рӯдакӣ, Муиззӣ, Маншурӣ, Низомии Арӯзӣ, Рашидӣ, Сӯзанӣ, Алии Шатранҷӣ, Наҷҷорӣ, Ашрафӣ, Захирӣ, Асилиддин, Нидой, Маҳзун, Бисотӣ, Риёзӣ, Фитрати Зардӯз, Сарфароз, Сипандӣ, Васлӣ, Аҷзӣ ва дигарон.

  2. Омода намудани заминаҳои назарӣ ва амалии он, мисли Маншурӣ дар «Канзулгароиб», Рашидӣ дар «Зиннатнома», Низомии Арӯзӣ дар «Чаҳор мақола», Давлатшоҳ дар «Тазкиратушшуаро», Содиқӣ дар «Риёзушшуаро», Малеҳо дар «Музаккируласҳоб», Мутрибӣ дар «Тазкиратушшуаро» ва г.

пешина
аз 315
навбатӣ