Зеҳн
Ёдномаи Расул Ҳодизода (ба ифтихори 90-солагӣ)

Китоб ба ҳаёт ва фаъолияти адабию илмии олими барҷастаи тоҷик Расул Ҳодизода бахшида шудааст. Дар он мақолаҳо ва хотираҳои ҳамкорон ва шогирдон гирд оварда шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 24 октябри 2026 · 315 саҳифа

ТаърихАдабиёт
Аз аввал хондан

Абдунабӣ САТТОРЗОДА

НАҚШИ САМАРҚАНД ДАР РУШДИ АДАБИЁТИ ФОРСИИ ТОҶИКӢ

Яке аз нахустин намунаҳои шеър ба форсии тоҷикӣ ба қалами Абулянбағии Самарқандӣ (в. 786-802) тааллуқ дорад:

Самарқанди кандманд
Бад-инат кӣ афканд?
Аз Чоч та беҳӣ
Ҳамеша та хеҳӣ.

Ин суннати ба форсии тоҷикӣ шеър гуфтанро шоири дигаре аз Суғди Самарқанд Абӯ Ҳафси Суғдӣ (в. 832) идома додааст:

Оҳуи кӯҳӣ дар дашт чӣ гуна давадо,
Ӯ ёр надорад, бе ёр чӣ гуна бувадо?

Агар аз шеъри Абулянбағӣ таъсири шеъри қадим ба забони паҳлавӣ, аз ҷумла дар вазни он намудор аст, шеъри Абӯ Ҳафси Суғдӣ гувоҳӣ аз он медиҳад, ки адабиёти форсӣ, хосса шеъри он дар асри IX ҳам аз лиҳози маънӣ ва ҳам аз ҷиҳати лафз ба таври назаррас такмил ёфта будааст. Дар ин як байти зоҳиран сода шоир бо калимаву тасвирҳои сирф заминӣ тавонистааст, ки як маънии олии инсонӣ – ҳолати сахти дурӣ аз ёрро барҷаста ва хоно бозтоб диҳад. Ва шоироне мисли Абӯ Ҳафси Суғдӣ буданд, ки заминаро барои дар садаи X ба пуррагӣ шакл гирифтани адабиёти форсии тоҷикӣ ва пайдо шудани шоироне монанди Рӯдакии Самарқандӣ муҳайё сохтанд. Устод Рӯдакӣ касест, ки кӯшишҳои нотамоми шоирони пешинро тамоми бахшида, ба форсии тоҷикӣ шеъри нағзе гуфт, ки нафаре то ӯ ба ин ҳадди ҷамолу камол ва фаровонӣ нагуфта буд. Вай бо ихтирои сабки шеъри Рӯдакивор раванди инкишофи адабиёти форсии

пешина
аз 315
навбатӣ