Зеҳн
Ёдномаи Расул Ҳодизода (ба ифтихори 90-солагӣ)

Китоб ба ҳаёт ва фаъолияти адабию илмии олими барҷастаи тоҷик Расул Ҳодизода бахшида шудааст. Дар он мақолаҳо ва хотираҳои ҳамкорон ва шогирдон гирд оварда шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 24 октябри 2026 · 315 саҳифа

АдабиётТаърих

ЧАНД СУХАН БА ЧОИ ПЕШСУХАН

Аз муҳаққиқ то муқаллид фарқҳост,
Ин чу Довуд асту в-он дигар садост.
(Мавлавӣ)

Устод Расул Ҳодизода аз зумраи муҳаққиқони асилу пуркору пухтакори адабиёти бештар аз ҳазорсолаи форсии тоҷикӣ буданд. Муҳаққиқи соҳибравишу соҳибмактаб, инсони шарифу некӯҳисол устоди муҳаққиқони нуктасанҷу номдоре ба монандӣ профессорон Садрӣ Саъдиев, Усмон Каримов, Зулфия Ҳасанова, Мирзо Муллоаҳмад, Замира Ғаффорова, Низомиддин Зоҳидӣ, Искандар Икромов, Пайванди Гулмурод, Музаффари Муҳаммадӣ, Шодӣ Шокирзода ва бисёр дигарон, ки ҳар яке дар илми адабиётшиносии тоҷикӣ имрӯз мавқеъ ва ҷойгоҳи хоссе доранд, буданд.

Устод Ҳодизода аз миёни донишмандони адабиётшинос ягона муҳаққике ба шумор меомаданд, ки дар навиштани повесту роман, ҳикоя ва драмаҳои таърихӣ низ истеъдоди фавқулода доштанд. Ҳикояву повестҳои таърихии эшон «Танбӯри дилкаш», «Бӯи ҷӯи Мӯлиён», «Парвози Шоҳин», роман-диалогияи «Ситорае дар тирашаб», «На ситораҳо мерезанд» ва «Мансури Ҳаллоҷ» намунаҳои барҷастае аз насри дилангези таърихии ин муҳаққиқи пуркору ошиқу шефтаи адабиёт ба шумор меравад, ки паҳлӯҳои ибратангез ва ҳунари шоириву олимии бузургмардоне мисли Рӯдакиву Шоҳин, Аҳмад Махдуми Дониш ва дигаронро ба риштаи таҳқиқи бадеӣ кашидааст. Ва месазад, ки имрӯз ин асарҳои таърихии устодро дубора чоп ва дастраси хонандагон намоем. Зеро аз чопи онҳо замони зиёде сипарӣ шудаву нусхаҳои онҳо ноёб шудаанд.
Ин маҷмӯа ба муносибати гиромидошти хотири Устод Расул Ҳодизода соли 2018 мураттаб гардида буд, ки чопи он бо баъзе сабабҳо ба таъхир афтод.

Мураттиб ба ихлосманди содиқи устод Ҳодизода доктори илмҳои филологӣ, директори Институти илмҳои гуманитарии ба номи академик Б.Искандарови Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Қаландариён Ҳоким Сафар, ки дар чопи ин китоб мусоидат намуданд, изҳори сипосу миннатдорӣ менамояд.

Ҳамчунин зери назари устод Ҳодизода силсилаочеркҳои таърихи адабиёти форсу тоҷик офарида шудаанд, ки аз назари таҳлилу масъалагузорӣ ва равиши таҳқиқ дар зоти худ беназиранд. Зарурати бознашри дубораи очеркҳо аз таърихи адабиёт ба миён омадааст.

аз 315
навбатӣ