Зеҳн
Ёдномаи Расул Ҳодизода (ба ифтихори 90-солагӣ)

Китоб ба ҳаёт ва фаъолияти адабию илмии олими барҷастаи тоҷик Расул Ҳодизода бахшида шудааст. Дар он мақолаҳо ва хотираҳои ҳамкорон ва шогирдон гирд оварда шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 24 октябри 2026 · 315 саҳифа

ТаърихАдабиёт
Аз аввал хондан

МУТАКАЛЛИМОН ВА ФУҚАҲОИ САМАРҚАНД

Мовароуннаҳр – Осиёи Марказӣ, алалхусус Самарқанду Бухоро ва Насаф, на танҳо дар соҳаи илму адабу таъриху фалсафа, балки дар таҳқиқу эҷоди илмҳои динии исломӣ низ пешоҳангони тамаддуни исломӣ буданд.

Саҳми ин се маркази фарҳангӣ дар тамоми соҳаҳо ва риштаҳои улуми динӣ: тафсири Қуръони Маҷид, илми қироат, илми ҳадис, илми калом ва фиқҳ ниҳоят бузург аст. Ҳеҷ як минтақае аз олами ислом ба монандӣ Мовароуннаҳр, ба ин миқдор шахсиятҳои барҷастае, ки бузургии онҳо аз тарафи ҳамаи фирқаву мазҳабҳои исломӣ, эътироф шуда бошад, надодааст. Осор ва номи муфассирон, муҳаддисон, мутакаллимон, орифон ва уламои машҳури ислом чун: Муҳаммад ибни Алӣ Қаффоли Чоҷӣ, Абуҳафс Наҷмиддин Насафӣ нависандаи «Тафсири Насафӣ», маъруф ба муфтии сақалайн; Абулбаракот Абдуллоҳ ибни Аҳмад ибни Маҳмуди Насафию Ҳанафӣ, муаллифи тафсири «Мадорикут-танзил ва ҳақоиқут-таъвил», мутакаллими маъруф, Ҳофиз Абӯ Исо Муҳаммад Тирмизӣ муаллифи «ал-Ҷомеъ-ус-саҳеҳ», Ҳофиз Абу Абдурраҳмон Нисоӣ, муаллифи «Сунани Нисоӣ», Ҷоруллоҳ Замахшарии Хоразмӣ, муфассир ва мутакаллими маъруф, муаллифи «Тафсири кашшоф»; Муҳаммад Исмоил Ҷаъфар ал-Бухорӣ барҷастатарин муҳаддис, муаллифи «Саҳеҳи Бухорӣ», Шайх Ҷалолуддини Балхӣ муаллифи маъруфтарин маснавӣ дар олами ислом – «Маснавии маънавӣ» ва «Девони Шамс», ҳамчунин Шайх Баҳоуддини Нақшбанд, Шайх Наҷмиддини Кубро, Шайх Аҳмади Ясавӣ аз бузургони тасаввуф ва Носири Хусрави Қубодиёнӣ аз барҷастатарин мутафаккирони исмоилия дар ин қатор танҳо аз

пешина
аз 315
навбатӣ