Зеҳн
Ёдномаи Расул Ҳодизода (ба ифтихори 90-солагӣ)

Китоб ба ҳаёт ва фаъолияти адабию илмии олими барҷастаи тоҷик Расул Ҳодизода бахшида шудааст. Дар он мақолаҳо ва хотираҳои ҳамкорон ва шогирдон гирд оварда шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 24 октябри 2026 · 315 саҳифа

ТаърихАдабиёт
Аз аввал хондан

ки байтҳои фаромӯшшудаи суруд худаш паи ҳам меомаданд ва ман ба тамоми ҳиссиёту чашмони ашколуд мехондам. Дар ҳамин замон пай мебурдам, ки чеҳра ва рухсори ҳамсари азизам кушода шуда, ҳамроҳи ман оҳангро замзама мекарданд. Ҳамин тавр, боз якчанд суруди дӯстдоштаашонро хондам, осудаҳолона хоб намуданд.

Ман ба худ омада, фикр намудам, ки ҳамсояҳо ин овози маро шунида чӣ мегуфта бошанд, ҳеҷ гоҳ сурудхонии маро нашунидаанд ва ҳоло дар бевақтии шаб, дар чунин шароиту ҳолат, чӣ ҳодисае рух дода бошад, намегӯянд?

Рӯзи дигар, 2/IV-ҷумъа, субҳ ҳангоме ки Ромин ба кор мерафт, ба ӯ гуфтам:

Имрӯз барвақттар омада, якчанд оҳангҳои дилнишини бобоятро, ки дар кассетаҳо сабт шудааст, ёфта ҷудо кун, то ки онҳоро барои таскини дилашон монем ва рӯҳашон ором ёбад. Соатҳои 1-2 рӯз буд, ки Ромин занг зада пурсид: Кадом сурудҳоро Шумо хондед, то ки аз радио дарёфт кунанд ва онҳо ваъда доданд, ки рӯзи душанбе сабт карда медиҳанд.

... Аммо, ҳайҳот саҳарии якшанбе — 4 апрел соати 4:45 он дили бошукӯҳу дилсӯзи пур аз муҳаббат аз задан бозмонд ва ҳамсари азизам аз ин олам чашм пӯшиданд.

Ҳоло... ҳамроҳи беҳамтои ман дар Осмони Малакутӣ парвоз мекунанд. Ман танҳо, вале рӯшноии чеҳраи ӯ, муҳаббати софу ҷовидони эшон дилу синаву дидаамро равшан мекунад, ба тамоми ҳастиям бо ӯ ҳастам.

пешина
аз 315
навбатӣ