Зеҳн
Ёдномаи Расул Ҳодизода (ба ифтихори 90-солагӣ)

Китоб ба ҳаёт ва фаъолияти адабию илмии олими барҷастаи тоҷик Расул Ҳодизода бахшида шудааст. Дар он мақолаҳо ва хотираҳои ҳамкорон ва шогирдон гирд оварда шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 24 октябри 2026 · 315 саҳифа

ТаърихАдабиёт
Аз аввал хондан

намехонданд, аммо ҳамон рӯз танбӯрро дар даст гирифта, аз шашмақом ва якчанд суруди худашон эҷод намударо иҷро намуданд, гарчанде ки ин ба он кас осон набуд, вале бо як завқ ва аз самими дил мехонданд ва ҳама боз аз он хурсанд буданд, ки аз сурудхонии амӯям баҳра мебурд, балки он кас боз аз нав месуруданд ва ин ба ҳамаи мо як ҷаҳон хурсандию қаноатмандию кушоиши кори он кас буд.

То ба донишгоҳ даромадани фарзандонамон, дар ҷадвали ҳафта, дар рӯзҳои муайян (ҷумъа ё шанбе) рӯзҳои мусиқӣ доштем. Мо оҳангҳои ҷамъовардаи сабтшудаи шарқию аврупоии классикӣ эстрадӣ, ки аз шашмақому сурудҳои Шарқ ва аз симфонияю операю консертҳои фортепианию оркестрӣ ва монанди инҳо иборат буданд бо завқ гӯш мекардем, ки ҳар яке мо илҳом мегирифтем ва синаи моро равшан мекард.

Аҷабо, оҳанг як хел садо медиҳад, онро намебинем, танҳо мешунавем ва ҳар яке мо бар дилу равон гуногун қабул ва эҳсос мекунад, гӯё касе дар дарёи пурошӯб ё ором, осмони софу бегубор ва фазои рангоранг парвоз мекунад. Ё дар байни гулхову сабзаҳо, чаману бешазорҳою бо чашмаҳояш худро дар ҷаҳони дигар мебинаду фараҳ меёбад, ки ба кас як қувваи рӯҳӣ мебахшад ва инро ман ҳамеша дар дилу рухсори ҳамсарам медидам.

Ин гуна холатро ҳатто дар ҳамон рӯзҳои вазнин ҳангоме ки бекор буданд ва ҳолати гап задан надоштанду худро нотавон ҳис мекарданд, эҳсос мекардам. Намедонистам чи гуна дасти ёрӣ расонам. Аз маъюсию ночорӣ бо овози паст чун алла ба кӯдак ва баъд оҳиста-оҳиста бо овози баланд сурудеро, ки дар ҷавонӣ мешунидему мехондем, онро замзама мекардам:

Ба чашмонат қасам, дар чашми ман беҳтар аз ҷонӣ, Азизам, дилбарам, ҷонам, магар инро намедонӣ?...

пешина
аз 315
навбатӣ