Ёдномаи Расул Ҳодизода (ба ифтихори 90-солагӣ)

Китоб ба ҳаёт ва фаъолияти адабию илмии олими барҷастаи тоҷик Расул Ҳодизода бахшида шудааст. Дар он мақолаҳо ва хотираҳои ҳамкорон ва шогирдон гирд оварда шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 24 октябри 2026 · 315 саҳифа
гардид ва ман аз ин шарм медоштам ва ба касе чизе намегуфтам. Кӯшиш мекардам, ки ҳама фаромӯш шавад... Вале, тақдир будааст, ки худатон назди ман омадеду кушоду равшан дар номаи аввалинатон ҳамаро навистед.
-
Оҳо, ана гап дар куҷо будааст, ман то ҳол намедонистаам ва ин ҳамаро дар муддати қариб 60 сол аз ман пинҳон доштед?
-
Бале, гуфтам. Шарм медоштам ва боз намедонистам чӣ бошад, ки худдорӣ мекардам ва шояд аз рӯи одобу одати Шарқ бояд ҷавонмард аввал изҳори муҳаббат кунад
-
Ҳа, мегӯянд, занҳо муҳаббати худро дар зарфи 40 сол пинҳон дошта метавонанд, вале нафраташонро на як рӯз, аммо Шумо аз ҳама ҷиҳат гузаронидед — рекорд додед, гӯён хушҳолона хандиданд.
Ҳоло солҳо ва рӯзҳои нотакрори ҷавонӣ ва гузашта дар ёд меоянд. Устод ҳамеша мусиқӣ ва сурудҳои гуногунро дӯст медоштанд ва ҳамон рӯз ба ҳолату рӯҳияи мувофиқи худ нигоҳ карда, мусиқии ба дил муносибро монда аз он як ҷаҳон лаззат ва фараҳ мебурданд. Рӯзҳое, ки дар сафари дигар шаҳрҳо, чун Маскав, Ленинград (Санкт-Петербурги ҳозира), Рига ва монанди инҳо буданд, албатта имконият пайдо намуда ба консертҳои симфонӣ, камеравӣ ё дигар консертҳо ба иштироки ҳунарпешагони номдори машҳур мерафтанд.
Дар хотир дорам, ки солҳои 1965-66 буд, волидайни ҳамсарам аз Самарқанд ба меҳмонии мо омада буданд ва мо дар яке аз рӯзҳо ба дидорбинии амакам Фазлиддин Шаҳобов рафта будем. Ҳамон рӯз ҳама бо як рӯҳи тоза ва хушҳолӣ ба хона баргаштем. Он пазироии амӯямро ҳамсарам ва волидайнашон ҳаргоҳ хотиррасон карда мегуфтанд — чӣ хел сӯҳбатҳои хуб аз ҳар тараф мекардем ва амӯям пас аз чанде танаффус баъд аз сактаи дил суруд

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо