Ёдномаи Расул Ҳодизода (ба ифтихори 90-солагӣ)

Китоб ба ҳаёт ва фаъолияти адабию илмии олими барҷастаи тоҷик Расул Ҳодизода бахшида шудааст. Дар он мақолаҳо ва хотираҳои ҳамкорон ва шогирдон гирд оварда шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 24 октябри 2026 · 315 саҳифа
мо меомаданд ва барномаро то охир бо диққат гӯш мекарданду мегуфтанд: “Дикторӣ ва барномаҳои бадеиро Ҳодизода босаводона ва хеле хуб мехонад, овози форам ва дилкаш дорад. Мо дар Тоҷикистон ҳоло чунин овоз ва барандаи хуб надорем.” Инро ҳама бо сарҷунбонӣ ва сукут тасдиқ мекарданд.
Ана, ин аввалин ошноии ғоибонаи ман бо Шумо буд ва ба дидоратон тобистони соли 1948 дар хиёбони Ленин (ҳоло Рӯдакӣ) расида будам.
Ҳамон рӯз ман бо янгамулло-ҳамсари Шоҳназар Соҳибов бо кадом мақсаде аз сӯи донишгоҳ ба тарафи Академияи илмҳо мерафтем, ки ногоҳ янгамулло Шуморо дар он сӯи роҳи мобайн диданду- “Ана, дар он сӯ Ҳодизода рафта истодааст ва Шуморо бо овози начандон баланд чег заданд. (Намедонам, барои чӣ бошад, бисёриҳо Шуморо бо номи хонавода Ҳодизода гуфта ном мебурданд, на бо номатон Расулхон) Шумо овозро шунидеду сӯи мо нигоҳ кардед ва ҳамон замон чолокона дар даст як даста қоғазпеч аз ҷӯйбор ҷаҳида, (он вақт ҷӯйҳо аз ҳар тарафи роҳ мегузашт ва оби софи равон дошт), назди мо омадед.
Баъд аз пурсупоси якдигар сабаби бо командировка аз тарафи радио омаданатонро гуфтед. Шумо ҳамон вақт чунон хушҳол ва бо ҳаяҷон сухан мерондед, ки намедонам, аз дидори янгамулло ё натиҷаи корҳои дар инҷо будаатон Шуморо қаноатманд ва хурсанд мекард, ки дар атроф касе ва ба чизе аҳамият намедодед.
Пас аз хайрухуш, янгамулло Шуморо чун ҷавони ботамкин ва дониши хуб дошта, таъриф карданд. Шояд ҳамаи ин, ҳамон вақтҳо дар як кунҷи дили ман як меҳре, як шарораи пурҷилое пайдо намуд, ки худам намедонистам ва дар вохӯриҳои баъдӣ, ки худатон ҳамаашро дар ёд доред, ин шарора торафт дурахшонтар

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо