Ёдномаи Расул Ҳодизода (ба ифтихори 90-солагӣ)

Китоб ба ҳаёт ва фаъолияти адабию илмии олими барҷастаи тоҷик Расул Ҳодизода бахшида шудааст. Дар он мақолаҳо ва хотираҳои ҳамкорон ва шогирдон гирд оварда шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 24 октябри 2026 · 315 саҳифа
Соли 1947 буд, ман дар таътили тобистона, баъд аз синфи 5-ум будам. Ҳамон тобистон Аминахон — духтари Шоҳназар Соҳибов барои дидори падар ва ошно шудан бо зиндагии Сталинобод дар меҳмонии мо буданд. Аминахон ба хоҳарам Малоҳатхон ҳамсин ва дугона буданд. Мо ба Соҳибовҳо ҳанӯз дар Бухоро ошно будем ва омаду рафт доштем. Баъд амӯям Ф. Шаҳобов бо Соҳибов дар консерваторияи Маскав таҳсил мекарданд. Пас аз хатми консерватория онҳо дар Тошканд истиқомат доштанд ва баъд аз чанде бо ташаббуси амӯям ва даъвати Тоҷикистон (Ғафуров) барои ба нота сабт кардан ва зинда намудани мусиқии классикӣ — шашмақом ба Сталинобод омаданд то муайян шудани ҷои истиқомат оилаи Соҳибов дар Тошканд буданд ва онҳо ҳар сари чанд вақт барои дидори падар ва тарзи зиндагии инҷо меомаданд.
Бегоҳӣ баъд аз ғуруби офтоб ҳамаи мо ба кори худ машғул мешудем. Яке хӯроки шом омода дигаре гилему кӯрпачаҳоро барои нишаст тайёр мекард ва ман бошам, ҳавлиро об зада мерӯфтам. Аминахон дар лаби суффа болои кӯрпача нишаста, рӯймолчаеро гулдӯзӣ мекарданд, гоҳе бо овози начандон баланд шеъри русӣ мехонданд ё оҳангеро аз ягон опера моҳирона месуруданд. Овози хуб ва дилнишин доштанд. Мо ҳама бо завқ гӯш мекардем. Пас аз чанде дугона гӯён хоҳарамро чег мезаданд, ки ана вақти барномаи тоҷикии Тошканд расид ва ҳозир бояд Ҳодизода сухан кунанд. Мо ҳама пеши радио ҷамъ мешудем. Ман ин касро мешиносам, ҷавони хеле хуб, боистеъдод гуфта, Шуморо хеле таъриф мекарданд. Аз рӯи рафтор ва гуфтори Аминахон пай мебурдем, ки ба Шумо таваҷҷӯҳ ва дилбастагие доранд. Ҳамон замон, аз он сӯи ҳавлӣ нависандаи маъруф Ҷалол Икромӣ, ки бо мо дар як ҳавлӣ истиқомат доштанд, бо шунидани “инҷо Тошканд” назди

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо