Зеҳн
Ёдномаи Расул Ҳодизода (ба ифтихори 90-солагӣ)

Китоб ба ҳаёт ва фаъолияти адабию илмии олими барҷастаи тоҷик Расул Ҳодизода бахшида шудааст. Дар он мақолаҳо ва хотираҳои ҳамкорон ва шогирдон гирд оварда шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 24 октябри 2026 · 315 саҳифа

ТаърихАдабиёт
Аз аввал хондан

Азизам, Шумо хоби ширин рафтаед, шояд дар ҳамон лаҳза маро хоб мебинед. Хайр, маро навозиш кунед — наход то саҳар хобам намебарад!!

Оҳ, чӣ хел пуразоб!

Чӣ хушмеҳрубонам, пас аз шаш соат ман Шуморо мебинам, магар дар Сталинобод ҳамин хел фикр карда метавонам? Мана қоғаз ҳам тамом шуда истодааст, ман бошам, ҳамин хел дароз кашида, мехоҳам беист нависаму нависам.

Хоб кунед, азизам, меҳрубонам! Хоб кунед, ба зудӣ Шуморо хоҳам дид!

Пас аз чанде ман пурсидам: — Дар хотир доред, рӯзе назди ман ба Ленинские гори омадеду болои диван нишаста, ногоҳ саволомезона бо табассум гуфтед: “Пирии мо чӣ хел мешуда бошад?”

Ман ки рост истода аз рафи ҷевон китоберо гирифтанӣ будам, ин саволро шунида, хеле дар тааҷҷуб мондам, ки ин кас то чӣ андоза фикри ояндаи дурро мекунанд ва якҷоя будани мо дар зиндагӣ қавӣ будааст. Бо ин савол чизе нагуфтам ва китф ҷунбондам, ки ин посухи “намедонам” буд.

Гуфтанд, ки, ҳа дар хотир дорам, мана ҳамин хел мешудааст ва ман шукрона ба парвардигор мекунам, ки мо ҳардуро ба ин синну сол ба зиндагии озоду ором расонидааст. Ин неъмати бузургест — чун мавҳибати илоҳӣ ба ин ҷониб.

Инро ҳарду тасдиқ намудем ва ман илова кардам, медонед, ман як сирри махфӣ дорам, ки онро дар зарфи зиёда аз 50 сол дар дил дорам ва инро ба Шумо то ҳол намедонам барои чӣ нагуфтаам. Шояд аз ҳиссиёти ҷавониам шарм медоштам ва боиси хандаву масхара нашавам гуфта, ба касе чизе нагуфтам. Имрӯз ин рози диламро, ки ба Шумо тааллуқ дорад, мегӯям.

пешина
аз 315
навбатӣ