Ёдномаи Расул Ҳодизода (ба ифтихори 90-солагӣ)

Китоб ба ҳаёт ва фаъолияти адабию илмии олими барҷастаи тоҷик Расул Ҳодизода бахшида шудааст. Дар он мақолаҳо ва хотираҳои ҳамкорон ва шогирдон гирд оварда шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 24 октябри 2026 · 315 саҳифа
Самарқанд: Абу Мансур Муҳаммад ибни Маҳмуди Мотридий Самарқандӣ, Абу ал-Қосим Самарқандӣ (ваф. с.953), Абу ал-Лайс ас-Самарқандӣ, Абу Муҳаммад б. Аҳмад б. Мансур Хайёт ва Абу Муҳаммад б.Масъуд Айёшӣ, Алоуддин Абу Бакри Самарқандӣ (1145/540) ҷой доранд, ки дар олами ислом ҳама мешиносанд.
Чунон ки мебинем гузаштагони ин сарзамин на танҳо дар фалсафа ва илмҳои табиии ва риёзӣёту ҳандаса мисли Шайхурраис Абу Алӣ Ибни Сино, Абунасри Форобӣ, Абурайҳони Берунӣ, Умари Хайёми Нишопурӣ бузургони оламшумул, балки дар улуми исломӣ низ, беҳамто будаанд.
Аммо, мутаассифона, дар ду садаи охир мисли ин ки мазраи ин сарзамин, ин маркази илмҳои ислому динро хушксолӣ фаро гирифт ва мо натавонистем ҳатто як нафареро, ки берун аз ин марзу бум шӯҳрат дошта бошад, ба олами ислом арза кунем. Сабабҳо чӣ буданд маълум аст. Инқирозу карахту фалаҷшавии дониши илмӣ асрҳо пеш аз даврони шӯравӣ оғоз шуда буд. Ҳеҷ набошад, Шумо барои дарки иллату маълул метавонед навиштаҳои Аҳмади Дониш ва Садриддин Айниро бо диққат хонед ва бинед, ки дар ин маврид онҳо чӣ гуфтаанд.
Аммо баъд мавзӯи баҳси ин маърӯза «Мутакаллимон ва фақеҳони шаҳри азимушшаън ва бостонии Самарқанд» бар он чи дар муқаддимаи боло арз шуд, робитаи бевосита дорад. Донистани саҳми уламои ин шаҳри бостонии мо дар фарҳанги исломӣ, омӯхтани осори каломию илоҳиётии онҳо ҳам аз нигоҳи шинохти ислом аз мавқеи мазҳаби ҳанафия ва ҳам ислоҳи шуури мазҳабии мо зарур аст. Мутаассифона мо то имрӯз бештар ба таҳқиқи осори шоирону нависандагон ва аҳли фалосифа ва тасаввуфи Осиёи Марказӣ таваҷҷуҳ доштем, вале дар мавриди омӯзиши осори улуми динӣ: каломӣ, илоҳиётӣ, фиқҳӣ чандон таваҷҷӯҳ зоҳир намекардем, ҳол

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо