Ёдномаи Расул Ҳодизода (ба ифтихори 90-солагӣ)

Китоб ба ҳаёт ва фаъолияти адабию илмии олими барҷастаи тоҷик Расул Ҳодизода бахшида шудааст. Дар он мақолаҳо ва хотираҳои ҳамкорон ва шогирдон гирд оварда шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 24 октябри 2026 · 315 саҳифа
Орзумандам он нақшаҳое, ки буданду ҳастанд у хоҳад буд иҷро шаванд ва боз як ҷараёни наве бунёд намоянд, то ки рӯҳи бузурггон шод шавад. Омин!
Солҳои охир ҳарду нишаста, солҳои ҷавонии гузаштаи нотакрори ширинро дар хотир меовардем ва аз ҳамдигар “Инро дар ёд доред?”-гуфта, мепурсидем. Чӣ рӯзҳои хуш буданд? Гарчанде, ки солҳои аввали ошноии мо 3 сол аз ҳамдигар дур будем, ин дурӣ муҳаббати моро қавитар ва наздик мекард, орзуҳои дар пеш истода ба мо қувваи рӯҳӣ ва болу пар медод. Ҳисси пазмонӣ дар мо ҳама вақт вуҷуд дошт, ки инро дар вақти сафар мушоҳида кардан мумкин буд. Зуд-зуд телефон, нома ё шеъре менавистанд, чун:
Агар ишқи ту намебуд, В-агар оташат намесӯхт.
Агар аз вуҷуди покат, Тани хокиам намерӯст Магар ин забони оҷиз, Магар ин баёни ночиз Сухане зи ишқ мегуфт?
Дураре зи ишқ месуфт?
Москва, Переделкино
25XII-1980с.
Рӯзе ба ман гуфтанд:
- Азизам, шояд ин эҳсос ва дилбандиҳо аз он хушбахтиест, ки ман чун Шумо ҳамсари ҳаётӣ дорам. Ба назарам Шумо офтоб ва ман замини нотавон, охир ман аз равшании сайёраҳо нуре мебардорам ва гоҳе мафтуни онҳо мешавам.
Ҳама аз худи офтоб аст. Агар офтоб намебуд, на замин ҳасту на сайёраҳо. Дар воқеъ ин ташбеҳи ман ба ҳақиқат наздик аст ва инро Шумо бояд фаҳмед! Он ҳаёте,

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо