Зеҳн
Ёдномаи Расул Ҳодизода (ба ифтихори 90-солагӣ)

Китоб ба ҳаёт ва фаъолияти адабию илмии олими барҷастаи тоҷик Расул Ҳодизода бахшида шудааст. Дар он мақолаҳо ва хотираҳои ҳамкорон ва шогирдон гирд оварда шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 24 октябри 2026 · 315 саҳифа

ТаърихАдабиёт
Аз аввал хондан

Ин Садриддин Айнӣ — устоди бузургвори ман буданд. Аз айёми ҷавонӣ падарона ба ман раҳнамой ва дасти ёрӣ мерасониданд.

Бобоҷон Ғафуров — сиёсатмадор ва олими намоён, ки олимон ва донишмандон ва ҷавонони лаёқатмандро аз ҳар канори мамлакат даъват намуда, ба Тоҷикистон меоварданд ва ин боиси пешрафти ҷумҳурии мо буд.

Боз бисёр шоирону нависандагону санъаткорони бомаҳорат, мисли Мирзо Турсунзода, Сотим Улуғзода, Фотеҳ Ниёзӣ, Фазлиддин Шаҳобов ва дигарон буданд.

Бо санъаткорону донишмандони берун аз Тоҷикистон ҳамкорӣ, дӯстӣ ва рафту омад мекардем. Чунончи: Бурҳонов, Левиев, Юдаков, Ҳайтматов, Шоислом ва дигарон дар Узбекистон зиндагӣ кунанд ҳам қалбашон тоҷик буд, ва шеърҳои Ҳофизу Саъдӣ барин шоирони намоён суруду оҳангҳо эҷод менамуданд. Гимни Тоҷикистон то ҳанӯз садои бошукӯҳ дорад, ки онро оҳангсоз Юдаков офаридааст.

Бо шоирону нависандагон ва олимону донишмандону шарқшиносони намоёни рус, ки адабиёту маданияти моро меомӯхтанд, тарҷума мекарданд ва ба мо ҳамкорӣ менамуданд. Мо ба онҳо дӯст будем, рафту омад доштем ва сабақ меомӯхтем.

Аз даргоҳи Худованд умедворам, ки ба ин мақсадам ҳам мерасам.

Ҳамаи ин бо як ҳаяҷон ва эҳсоси бузург гуфта шуд, ки ман он замон пай бурдам, ки аз он чеҳраи яъсу навмедӣ дошта, чизе намонд, боз парвоз мекард, ҷисми нотавон қувват гирифт. Ҳарду хушҳол будем... чӣ рӯзи хуш!

Ҳоло ман хеле шод ҳастам, ки бунёди Рӯдакӣ пойдор аст ва раиси он сиёсатмадори маъруф ва олими намоён Абдунабӣ Сатторзода интихоб шудаанд ва миннатдорам, ки ин кори хайрро ба уҳдаи худ гирифтанд.

пешина
аз 315
навбатӣ