Зеҳн
Ёдномаи Расул Ҳодизода (ба ифтихори 90-солагӣ)

Китоб ба ҳаёт ва фаъолияти адабию илмии олими барҷастаи тоҷик Расул Ҳодизода бахшида шудааст. Дар он мақолаҳо ва хотираҳои ҳамкорон ва шогирдон гирд оварда шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 24 октябри 2026 · 315 саҳифа

ТаърихАдабиёт
Аз аввал хондан

дар ҳиҷолат мондам ва аз дасташон гирифта ба сӯи дигар кашидам. Хайрият, ҳамон вақт автобус омаду мо ба он нишастем... баъд аз чанде ором шудан, гуфтанд. Ҳа, худдорӣ карда натавонистам, инҷо ҷои ҷамъиятист, нағз нест, ҳар кор ҷой дорад...

Солҳои аввали зиндагии мо хоҳари хурдиашон бо мо буданд ва ба он кас бо дилсӯзӣ ва меҳр нигоҳ мекарданд. Кӯшиш мекардем, ки ногоҳ аз тарафи мо беодобие рух надиҳад, ки боиси озурдагӣ ва олами он кас гардад. Ҳушбахтона, ҳоло он кас соҳиби хонаву ҷо шудаанд ва давлати пирӣ меронанд.

  • Аз рӯзҳои аввали ошноӣ пай мебурдам, ки ғайр аз муҳаббат таваҷҷӯҳи баланд ва вафодорӣ ба падару модар ва бародару хоҳарҳошон, умуман ба тамоми хешовандонашон доштанд. Ҳама вақт аз рӯзгору зиндагии онҳо бохабар буданд. Тез-тез ба Самарқанд мерафтанд, то ки ба дидори онҳо расанд ва дасти ёрӣ расонанд. Солҳои охири умри волидайн дар вақти сар шудани сармо то баҳор онҳо дар хонаи мо ба сар мебурданд. Падарашон бо таваҷҷӯҳи дигар нисбат ба Расулон нигоҳ мекарданд ва рӯзе ба ман гуфтанд: - Ин писарам, Расулон аз дигар фарзандонам фарқ мекунад, ин дигар хел аст, ман ӯро дигар хел дӯст медорам. Мебинам, ба Шумо гоҳе эркагиҳои бачагона ҳам мекунад, хафа нашавед.

Дар ҳақиқат вақте ки волидайни Расулхон инҷо буданд, рӯзе пеш аз кор рафтанашон мо қарор додем, ки бегоҳ оши палав мепазам. Ҳамон рӯз ман ҳам аз кор барвақттар омадаму гӯшти гӯсфанди мантубобро дида, манту кардам. Хаёл кардам ҳамаро хурсанд мекунам, вале Расулхон омаданду инро дида, қаҳр карданду нахӯрданд ва ба куҷое рафтанд. Рӯзи дигар падарашон ба он кас муроҷиат карда гуфтанд:

пешина
аз 315
навбатӣ