Ёдномаи Расул Ҳодизода (ба ифтихори 90-солагӣ)

Китоб ба ҳаёт ва фаъолияти адабию илмии олими барҷастаи тоҷик Расул Ҳодизода бахшида шудааст. Дар он мақолаҳо ва хотираҳои ҳамкорон ва шогирдон гирд оварда шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 24 октябри 2026 · 315 саҳифа
- Расул, ин чӣ кори кардагиат шуд, ман дар ҳайрат мондам, келин кори бад накардааст, балки баръакс.
- Ҳа, ман оши палав мехӯрам гуфта, ба ҳамин тайёр шуда омада будам, вале...
- Бо ҳамин ҳама хандидем.
Ин воқеаро ҳарду то рӯзҳои охир ба хотир меовардем ва ё ба ягон кас ҳикоя мекардему аз дилу ҷон механдидем ва дар ин ҷо ҳам принципиалӣ буданашонро нишон медиҳанд, гуфта, илова мекардам. Он кас табассум мекарданду чизе намегуфтанд.
Баробари рафторҳои кӯдаконаашон ғамхорӣ, дилсӯзӣ намудан ва оромии волидайнашон ба бародарашон Маҳдихонро вазифаи доимии хеш медонистанд. Маҳдихон, ки дар аспирантураи яке аз беморхонаҳои номдори Маскав-Боткин дар таҳти роҳбарии духтури машҳур-академик Вовси (яке аз табобаткунандаи бевоситаи Сталин) таҳсил менамуданд, ба ӯ ҳамеша таъкид мекарданд, ки дар вақташ мактуб нависанд, то ки хотирҷамъии волидайн бошад.
Маҳдихон ба ғайр аз он ки табиби хуби соҳибташхис (диагностик) ба ҳисоб мерафтанд, ҷавони софдил, поквичдон, ором ва содадил буданд. Дар байни ҳамкасбонашон ва беморон обрӯи хуб доштанд ва эҳтиром мекарданд. То ҳатто, аз рӯи шунидам дар Маскав, роҳбарашон-Вовси аз табобаткунии он кас қаноатманд буда, соҳибташхисии хуб буданашонро тасдиқ намуда ва ин асоси муолиҷа ба шумор меравад, мегуфтааст.
Бародарҳо ҳамдигарро эҳтиром мекарданд ва дӯст медоштанд.
Ҳоло дар вақтҳои дар Маскав буданам, Расулхон аз ман хоҳиш мекарданд, ки рӯзҳои истироҳат ё ид, тавонам бо бародарашон ба театр, концерт ва монандӣ инҳо равам, то ки вақти худро ба одамони беҳуда

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо