Ёдномаи Расул Ҳодизода (ба ифтихори 90-солагӣ)

Китоб ба ҳаёт ва фаъолияти адабию илмии олими барҷастаи тоҷик Расул Ҳодизода бахшида шудааст. Дар он мақолаҳо ва хотираҳои ҳамкорон ва шогирдон гирд оварда шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 24 октябри 2026 · 315 саҳифа
Лутфия-духтари хурдии С.Айнӣ ё Маҳдӣ-додари ҳамсарам, ки ҳамаашон дар Маскав таҳсил мекарданд). Ҳа гуфтагӣ барин, дар Маскав “Дрезденская галлерея” кушода шудааст, ҳатман баъд аз имтиҳонҳоятон ба онҷо равед ва агар дар фурӯш репродуксия бошад харед, гуфта таъкид мекарданд.
Мо дар муҳаббати худ ботамкин, вазнин, шармгин ва бовафо будем, кӯшиш мекардем ба чашми дигарон чун сабукпо наафтем, вале одамони боэҳсосу ботаҷриба онро ҳис мекарданд, ки муҳаббати мо самимию бепоёну устувор аст. Рӯзе мо ҳар ду дар электричкаи Маскав хомӯш ба куҷое мерафтем, Расулхон ба тамбӯр барои сигор кашидан чанд дақиқа рафтанд. Зани миёнсоли руси дар рӯ ба рӯи ман нишаста ба ман нигоҳ карда гуфт: Ин ҷавон шуморо сахт дӯст медорад ва ба ӯ бовар кунед. Ман саволомез ба ӯ нигоҳ карда, аз куҷо медонед, мо ҳеҷ чизе нагуфта, хомӯш нишастаем ва ҳеҷ чизе ба ин асос шуда наметавонад, гуфта хаёл мекардам.
- Ҳа, ҳа, духтарам, рост мегӯям, инро чашмонаш мегӯянд гуфт ӯ ва дигар чизе нагуфт.
Ин шарму ҳаё ҳамон вақтҳо ба хаёлам ба бисёрии ҷавонони мо хос буд ва инро дар кирдору рафтори Расулхон дидан мумкин буд:
Дар яке аз рӯзҳои тобистони Маскав соатҳои 9-10 шаб аз куҷое (аз хонаи Муҳаммадпурӣ Османов - ҳамкасб ва дӯст) ба хона бармегаштем ва дар истгоҳ интизори автобус ё троллейбус будем. Ду ҷавон дар оғӯши ҳамдигар навозиш ва меҳрубонӣ мекарданд. Инро дида, он кас бо асабоният аз ин сӯ ба он сӯ қадам зада, папирос мекашиданд ва ногоҳ ба пеши онҳо рафта, ҷавонмардро як торсакӣ ба рӯяш фуроварда, инҷо ҷои ҷамъиятӣ, айбу шарм аст, гуфтанд. Вай ҷавон дар ҳайрат монда, мо ҳеҷ кори бад накардаем, гуфт ва ҳар ду қариб даст ба гиребон шаванд. Ман бошам, дасту по гум карда,

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо